• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Ҳувияти миллӣ

Замони муосир дар баробари суръати баланди инкишофи  худ, ки ба болоравии сатҳи иҷтимоию  иқтисодии ҷомеа таъсири мусбӣ мерасонад боз масъалаҳоеро ба миён мегузорад , ки ҳалли онҳо барои пешрафт ва мустаҳкам шудани пояи маънавии ҷомеа аз фоида холӣ нест.

Чун мо ба ҳувияти миллӣ фикрронӣ мекунем, бояд  ёдрас шавем, ки «ҳувият» истилоҳи арабӣ буда маънои шахс ва ё шахсиятро дорад. (Яъне содатар карда гӯем, фард ва ё нафари алоҳида ) Дар доираи мавзӯи мо ин истилоҳ  бо мафҳумҳои худшиносӣ ва худогоҳӣ ҳамоҳанг аст. Чун дар бораи шахс ва ё шахсият сухан меравад мо дар бораи шахсе сухан мегӯем ,ки он кас  Ватанашро , миллаташро халқашро баробари дилу ҷонаш дӯст медорад. Ин шахс  Пешвои миллат – Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  мебошад , ки боре дар яке аз мулоқотҳояш бо Тоҷикистониён чунин ибрози ақида карда буд: «Барои сарҷамъ кардани  миллат шахсе лозим аст , ки миллатро пурра сарҷамъ кунад ва худро қурбон кунад »Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар мӯҳлати ниҳоят кӯтоҳ миллатро, Ватанро аз парокандагӣ раҳо кунад ва сулҳу салоҳро дар кишвар таъмин намояд. Ҳар  як шахси  тезбин ва нуқтасанҷ фикр мекунам пай бурд, ки дар шароити имрӯза барои миллат ва давлати  мо  аз дарки амиқи худшиносии миллӣ , ҳувияти миллӣ ва динӣ мафҳуму  волотару пурарзише нест.

Ѓараз аз гуфтаҳои боло он  аст , ки «ҳувият» дар чунӣ ва чигунагии зиндагонии мардум ва пайванди миёни онҳо ду нақши бисёр муҳим ва носоз (мутазод)- ро бозӣ мекунад.  Аввал ин ки ба «ҳастӣ»-и мардумон маъно ва нақш медиҳад, чаҳорчӯбаи арзишҳоро месозад ва ба ҳам наздикашон мекунад.

Ҳангоме, ки намудҳои зоҳирии фарҳангӣ, монанди нажод, миллат,  забони гуфтугӯӣ ё «забони дин» ҷузве аз арзишҳо ба шумор меоянд, яъне дар ҷомеа аз будаш зиёд арзёбӣ мешавад , бар асоси онҳо ихтилоф ва ҷудоӣ миёни инсонҳо арзишсозӣ мешавад. Инчунин назари кӯҳна ва яктарафии инсонҳо дар дидани ҷаҳон аз як дидгоҳи хеле танг ва ҷузъи ва дар натиҷаи тоб  наовардан  ё худ напазируфтани андешаи мардумоне , ки ҷаҳонро ба маънӣ ва ё шеваи дигаре мебинанд ва  ба ин биниши худ эътиқод доранд, низ боиси ҷудоандозӣ ва нооромии ҷомеа мегардад.

Пас , ягона роҳе, ки  ҷомеаро ба инкишофи орому мӯътадил мебарад, пайгирӣ кардан аз «системаи боварӣ» яъне назари нек ва созанда ба арзишҳои волои умумибашарӣ мебошад.

Албатта, дар ин раванд барои мо лозим меояд, ки аз таърихи илм ва адаби  миллати хеш, ҷанбаҳои созандаи он  хуб огоҳ бошем ва ҳувияти миллиро дар сатҳи ниҳоят баланд  бардорем.

 

Сафаралӣ Шарифов н. и. педагогӣ, дотсент, Аълочии маориф ва илми Толҷикистон          омӯзгори Кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru