• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об - барои рушди устувор»

баёнгари ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ

Дар давроне  умр ба сар мебарем, ки ҳуввияти миллӣ бо масоили  иқтисодӣ  омезиш ёфтааст.  Аз тарафи дигар,  бунёди иншооти  гидроэнергетикӣ  дар Тоҷикистон омили ҳамбастагии бештари ваҳдати миллӣ  гардидааст.  Тавре  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  паёмҳои худ пайваста изҳор  медоранд,  истифодаи захираҳои оби  минтақаи Осиёи Марказӣ бояд тавре  сурат гирад, ки ба манфиати  тамоми мамлакатҳои минтақа  бошад. Аз ин хулоса баровардан  мумкин, ки  ҳама гунна пешниҳодоти Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ба  манфиати тамоми мамолики минтақа  мусоидат  мекунад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро мушкилоти ҷаҳонии об ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи Президенти Тоҷикистон қарор мегирад.

Ҷиҳати посух ба ин суол ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки аз рӯи  маълумоти  СММ,  ки  соли  2006 нашр  шуда буд, кишварҳое, ки то  40 фоизи захираи  обии  дарёҳои  худро истифода  мебаранд, рушди  дигар  соҳаҳои  иқтисодиёти хешро  маҳдуд  мегардонанд. Мо  чӣ?  Пажӯҳиш исбот намуд, ки  дар  кишвари мо, ки  тақрибан  60 фоизи  оби  дарёи Ому  сарчашма мегирад, то  8-10 фоизи  обро  истифода  мебарда ва  дар ҷумҳуриҳое, ки  7- 8  фоизи  он шакл  мегирад,  80  фоизашро.

Аз ҷониби дигар, дар  шароити  имрӯза  қариб  як миллиард  сокини  саёра  аз нарасидани  оби  тоза  танқисӣ  мекашад.  2,6  миллиард  нафар дар  шароити  ғайри санитарӣ зиндагӣ  мекунанд, дар  бештар аз  80  мамлакат  барои таъмини  аҳолӣ  об  намерасад.  Ҳар ҳафта дар миқёси  ҷаҳон дар  натиҷаи  бемориҳои  вобаста ба  сифати бади об  42  ҳазор нафар вафот  мекунад. Аз ин санадҳо бармеояд, ки пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон характери умумибашарӣ дорад.

Вобаста ба ин, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028- ро бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур  давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон шуд, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуд ва  22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро ҷомеаи ҷаҳон аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо иттифоқи оро ҷонибдорӣ менамояд. Мутобиқи пажӯҳиши мо, ин ба омилҳои зерин марбут аст;

Якум, об- манбаи ҳаёт ва воситаи муҳимтарини бақои сайёра аст. Бе об мавҷудот, табиат ва наботот вуҷуд надорад;

Дуюм, дар қарни ХХ1ҳалли масъалаҳои марбут ба об характери глобалӣ мегиранд. Ҳамагуна ихтилофҳои лафзии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар мавориди истифодаи захираҳои об ба ихтилофҳои низомӣ бадал гардида, истилоҳи нави «терроризми обӣ» роиҷ мешавад;

Сеюм,қимати об ва захираҳои обӣ аз нафт ҳам зиёдтар мегардад, ки ин ба обшавии пиряхҳо ва гармшавии ҳаво марбут аст. Ҳоло дар 80 кишвари ҷаҳон нарасидани оби ошомиданӣ мушоҳида мегардад;

Чаҳорум, пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 танҳо марбут ба Тоҷикистон ва ё минтақаи Осиёи Марказӣ нест, чаро ки истифодаи об ва захираҳои обӣ характери умумибашарӣ доранд. Ин пешниҳод ниёзи аҳли сайёраро бароварда месозад, аз ин рӯ, ба фикри мо, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона дастгирӣ намудани ин пешниҳод ба ҳамин омилҳо вобаста аст.

Ҳамин тавр, метавон хулоса баровард, ки аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ пазируфта шудани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 иқдоми ҷиддӣ ва саривақтӣ буда, барои тариқи мусолиматомез ҳал намудани баҳсҳо дар хусуси истифодаи захираҳои об, рафъи буҳронҳо дар ин самт ва дастрасии аҳли сайёра бо оби тоза мусоидат хоҳад кард.

Саидмуроди Хоҷазод

доктори илмҳои филологӣ,

профессор

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj