• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Ҷавонон  маҳсули таърих ва фарҳанг мебошанд.

Ҷавонон ҳамеша яке аз арзишҳои муҳими иҷтимоӣ буда, маҳсули таърих ва фарҳанги муайян мебошанд. Ҳамин аст, ки онҳо потенсиали асосии пешрафт ё ин, ки қувваи пешбаранда номида мешаванду омили дигаргунии ҷомеаи башарият ба ҳисоб мераванд. Дараҷаи шукуфоӣ дар пешрафти ҷомеа бошад, яке аз муҳимтарини шартҳо барои барҷастагии фарҳанг аст, вале ҷустуҷӯи сабаби ҳамаи бурдбориҳои ҷомеа ба унсуре вобастагӣ дорад, ки дар ҷустуҷӯи он андешаву хулосаҳои мухталиф метавонанд пайдо шаванд.

Дар мавриди пешрафти ҷомеаи муосири тоҷик бисёр дастовардҳои муҳимиеро, аз қабили истиқлолияти милливу ваҳдати милӣ, сиёсати оқилонаву сулҳу субот, номбурдан мумкин аст. Бешубҳа, бузургтарини ин унсуру омилҳо роҳбарияти соҳибмаърифат будан метавонад, зеро танҳо дарки масъулияти ғайри оддӣ нисбати давлату ҷомеа аз ҷониби сарваре, ки метавонад сари вақт ҳисси ватанпарастиву ҳувияти миллиро дарк карда дар худшиносии миллату ҷомеаи он саҳмгузор бошад, дар пешбурди ҷомеа сарфароз мегардад. Вобастагии ин ду замина дар ҷомеаи имрузаи тоҷик бараъло ҳувайдост.

Ҳамин аст, ки мо вақти омӯзиши масъалаҳои мубрами замони муосир хоҳву нохоҳ ба ин ду объект рӯ ба рӯ мезанем, ки яке бо дигаре занҷираеро ташкил медиҳад, ки сарфи назар аз ин пайвастагӣ омӯзиши онҳо абстрактӣ ё нопурра мемонад.

Ҷавонон оинаи воқеияти ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунанд, мебошанд ва овонӣ ҷавонӣ марҳилаи бештар арзишманде, ки бо афкору ғояҳо, арзишҳову одатҳо, маънавияту ахлоқи худ ба қувваи пешбарандаи ҷомеа табдил меёбанд. Дарки ҳамин арзиш дар ҷомеаи тоҷик аз тарафи роҳбарият ин қувваро дучанд бузургтар гардонд, зеро шукуфоии давлату барҷастагии фарҳанги онро пешвои миллат,  Президенти Тоҷикистон дар сари ҷавонон қарор дод. Бешубҳа гуфтаҳое, ки дар рафти паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи хоса ба ҷавонон ва эълон шудани соли 2017 –соли ҷавонон гувоҳи онанд. Дар ин паём, суханҳои пурмӯҳтаво ба монанди «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад» ва «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд», садо дода буданд.

Густариши сиёсати давлатии ҷавонон аз рузҳои аввали истиқлолияти мамлакат дарак аз он медод, ки афзалияти он пур неъмат хоҳад буд, зеро чунин ташаббус бо мақсади таҳияи нерӯи эҷодӣ, илмиву касбии ҷавонон, иштироки фаъолонаи онҳо дар ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, бунёди хислатҳои ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар байни шаҳрвандони ҷавони кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ҳалли мушкилоти марбут ба ҷавонон қисми таркибии сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллии кишвар мебошад. Эълони соли 2017-соли ҷавонон диққати иловагиро ба мақомоти идораи давлатӣ ва аҳолӣ барои татбиқи самтҳои асосии сиёсати ҷавонони давлатҳои Тоҷикистон равона хоҳад кард.

Хусусиятҳои ҷавонони муосир аз омилҳои зиёд вобаста аст. Барои мисол: вазъи иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ, сатҳи таҳсилот, тасвири таълим, ҷамъиятҳои ва гурӯҳҳои гуногуни зерсохторoо-фарҳангӣ, ва ғайра, Ҳамаи ин дар зеҳни насли наврас ҳам дар маҷмӯъ ва ҳам ҳар як дар алоҳидагӣ таъсир мерасонанд. Дар асри рушди технологияи баланд, ҷаҳонишавии тамаддунҳо, навъҳои озодиҳо ва ҷомеаҳо интихоби ҷавонон мушкил мегарадад ва албатта ин боиси як силсила озмоишҳо, аз он ҷумла гумроҳӣ ҳам шудан метавонад, вале ин муқаррарӣ аст ва ҳамчун асоси ҳама гуна танқиди ҷавонон будан наметавонад. Ҳаёти муосир тағйироти бунёдӣ дар худшиносии синнусолии ҷомеа талаб мекунад, зеро пешрафти босубот дар иқтисодиёт ва истеҳсолот дар зери таъсири инқилоби илмӣ-техникӣ, маҳз бо худогоҳии синнусолии ҷомеа вобастаанд.

Ҳамин тариқ, ҳама чиз дар ин ҷаҳон ҷиҳатӣ нисбӣ низ дорад, дар омӯзиши баҳо  дуруст танҳо дар он замон ноил мешавад, ки чӣ гуна ба он назар кунем.

Барои фаҳмиши ҷавонон – ҳамчун қувваи пешбаранда ва овони ҷавонӣ -ҳамчун марҳилаи муҳимтарини синну сол ба рушди маънавӣ ва иҷтимоии босубот эҳтиёҷ дорад. Ҷавонон бо раванди қонунии рушд дар мавқеи объекти иҷтимоишавӣ қарор доранд, ки он танҳо ба воситаи таълиму тарбия натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ҷавонони ташаббускор, соҳибмаълумот, ҷавонони фаъол воқеан захираҳои стратегӣ барои рушди ҳар як кишвар мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои нишондиҳандаи қобилияти насли наврас, самти муҳимтарини кори ташкилӣ ва идеологии идораҳои давлатӣ ва тамоми амудии қудратҳо мебошад. Ҷавонони фаъол, соҳибмаълумот дар асл, захираи стратегӣ барои рушди кишвар мебошанд. Татбиқи ин афзалият барои ташаккул ва рушди касбии ҷавонон, ташаккули шеваи созандагӣ, омӯзиши ватандӯстиву ҷалб дар ҳолатҳои мушаххас барои таҳкими давлат, ҳифзи сарҳадот, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа пешбинӣ менамояд.

Муҳимтарин махсусияти сиёсати давлати ҷавонон ин иштироки фаъоли донишҷӯён дар ҷанбаи донишомӯзӣ ва соҳаи илм хоҳад буд. Дар бораи хусусиятҳои ҷавонони муосир сухан ронда, нақши онҳоро дар ҷомеаи муосир муайян кардан намешавад. Чумхурии Тоҷикистон дар солхои истиклолият бидуни душворщо ва нохамворщои рохи тараккиёт дар сохахои мухталифи хаёти ҷамъиятй ба дастовардхои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли хаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушохида менамоем.

аспиранти кафедраи фалсафа

Мирзоева А

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru