• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ - АРЗИШҲОИ БУНЁДИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату ҳукумат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани ободии ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва миллӣ дар пешрафти манфиатҳои давлат ва ҷомеа гарави таъмини ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад.

Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид  намуданд: «Имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқу манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд. дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд».

Дар замони имрӯза ин падидаҳои номатлуб ва ҳодисаҳои дигари ба он алоқаманд дар шакли ба вуҷуд овардани таркишҳо дар ҷойҳои сераҳолӣ, дохили нақлиёт, фурудгоҳу мағоза,  таркиши биноҳои аҳамияти муҳими давлатӣ дошта, ба гарав гирифтани одамон, бо роҳи зӯроварӣ  дар одамон ба вуҷуд овардани тарсу ваҳм,  нобоварӣ ба фардо ва зиндагии осуда ва монанди инҳо зоҳир мегарданд.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ба хатарҳои дараҷаи аввали ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ тамоми намудҳои ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуда, Сарвари давлат борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ кишварҳои оламро аз хатари ин падидаи ба ташвишоварандаи ҷомеа огоҳ намуда, ҷиҳати пешгирӣ кардани аз ҳама харобкориҳо дастҷамъона чораҷӯӣ кардан ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона сохтанро таъкид намудааст.

Дар ҳақиқат, вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳони имрӯза моро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёрии сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем.

Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Зеро ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо низ сахт марбут аст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеии он ва ба мубориза бо он таваҷҷуҳи бештаре  зоҳир намоем.

Экстремизм аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андеша ва амали тундравона, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравист. Ин амал метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш низ ба миён оянд.

Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм - ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ - мазҳабӣ мебошад.

Созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ имрӯз мекӯшанд, ки дастовардҳои навтарини технологияи иттилоотиро ба манфиати ғаразноки худ, хоса барои ба худ кашидани афкори ҷомеа, бахусус ҷавонон истифода намоянд. Онҳо аз шабакаи ҷаҳонии иттилоотии Интернет, воситаҳои телекоммуникатсионӣ, телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамчун аслиҳаи асосии таблиғотӣ истифода бурда, мехоҳанд, ҷомеа бахусус, ҷавононро гумроҳ созанд. Бинобар ин, дар замони мо, ки муборизаҳои иттилоотӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат маҳсуб меёбад.

Дар суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе баргузор гардид, Сарвари давлат мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаи ҳамкорӣ бо кишварҳои олам ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар самти муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ равшану возеҳ баён намуд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».

Агар мушаххасан дида бароем, сабабҳои пайдоиши экстремизм -  ифротгароӣ  ин иловатан боз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, нобоварӣ,  парешонӣ ва роҳгум задан дар зиндагӣ аз ҷониби табақаҳои муайяни аҳолӣ ва монанди инҳо мебошад.

Тарбияи фарзанд масъулияти бузург аст. Падару модаронро зарур аст, ки таълиму тарбияи фарзандонро дар роҳи дуруст ба роҳ монда, нагузоранд, ки «фарзандони онҳо ба қувваҳои харобкори радикалӣ ва террористону ифротгароён пайваста, падару модар ва хешу табори худро шармсор ва давлату миллатро бадном созанд».

Ташаббуси навбатии Пешвои миллат ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расонидани онҳо бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»   моро водор месозад, ки  тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки маърифати сиёсӣ, динӣ ва дунявии аҳли ҷомеаро баланд бардошта, корҳои фаҳмонидадиҳӣ, вохӯриву суҳбатҳо бо ҷавонон, таҳияи барномаҳои сиёсии телевизионӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро баргузор намоем.

Мо, аҳли илму маорифи кишвар, бояд таъкидҳои Сарвари давлатро,  ки «танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад» дар амал собит намуда, ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро арзанда  истиқбол гирем.

 

Иматова Л.М. – мудири кафедраи педагогикаи умумии

ДДОТ ба номи С.Айнӣ, д.и.п., профессор

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj