• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Ҳифзи ҳувияту арзишҳои миллӣ ва рушди ҷомеа

Бисёр хонда ва шунидаем, ки бузургтарин донишмандони илмҳои ҷомеашиносӣ, файласуфон ва сиёсатмадорони ҷаҳон даврони тағйиру таҳаввулро душвортарин даврон барои ҷомеа ба ҳисоб овардаанд. Ҳатто чиниҳо аз замонҳои қадим ба ҳар касе, ки озорашон медодааст, мегуфтанд: «Орзу мекунам, ки дар даврони дигаргуниҳо зиндагӣ кунӣ!». Аммо даврони тағйиру таҳаввуле, ки беш аз ду даҳсола дар кишвари мо идома дорад,

на даврони мусибат, балки иқбол аст. Зеро ин даврон фурсате барои эҳёи давлатдории навин ба миллати куҳанбунёди мо даст додааст, зеро ин даврони тағйиру таҳаввул ҳамон орзуву ормони ба ҳақиқат пайвастаи ниёгони некноми мост, ки садсолаҳо дар ширинтарин руъёҳои худ медиданд, зеро ин даврони таҳаввул ҳамон туҳфаи бебаҳои сарнавишт аст, ки бисёр аз миллатҳои ҷаҳон барои расидан ба он розӣ хастанд ҳатто аз ҷон гузаранд.

 

Дар баробари ин таърих мисолҳои фаровон дорад, ки маҳз дар чунин марҳилаҳои ҳассос ҷомеаҳо ва низомҳои сиёсӣ бинобар надоштани пешвоёни тавонманду ботадбир наметавонистанд заминаву имкониятҳои муассир барои иҷрои тарҳҳои андешамандона ба вуҷуд оваранд, то ҷомеаро ба сӯи ҳадафҳои нек раҳнамун созанд.

Хушбахтона, миллати тоҷик, ки дар дарозои таьрих дар домани худ бузургмардони ҳамосаӣ ва номоварону андешамандони зиёде парвардааст, ин дафьа низ дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз шахсияти бонангу номус ва огоҳу бедордилро ба саҳнаи сиёсат овард, то баъд аз ҳазор сол дар ин хоки пургуҳар давлати навини миллиро поягузорӣ намояд, бо вуҷуди тамоми мушкилоту сахтиҳо ҳадафҳои волои худро думбол намояд, аз гузаргоҳҳои сахту монеаҳои душвор гузарад ва ба муваффақиятҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ноил гардад.

Имрӯз ҳар яки мо аз таҷрибаи худ ва дар мисоли зиндагии хонаводаи хеш пай ба ин ҳақиқат бурдаем ва огоҳона дарк намудаем, ки ниҳоли истиқлол дар сурате ба дарахти бузургу борвар тадбил хоҳад гашт ва меваҳои ширин хоҳад дод, ки пайваста ба нигоҳубин ва парваришаш ҷаҳд намоем. Яьне мо бояд ҳамеша барои густариш додан ва афзудани дастоварди истиқлол бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, дилсӯзиву масьулиятшиносӣ кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимӣ намоем. Зеро фалсафаи зиндагӣ чуни аст ва таьрихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолият мушкилтар аз ба даст овардани истиқлолият аст.

Дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳои имрӯз, ки раванди умумиҷаҳоние ба номи ҷаҳонишавӣ кишварҳо ва миллатҳо, пеш аз ҳама, ҷавононро ба чолишҳои равонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии фаровону физоянда рӯ ба рӯ намудааст, ҳифзу ҳифозат намудани хусусиятҳои миллӣ, ҳувияти таьрихӣ ва вижагиҳои ахлоқии халқамон вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо бақову пойдории давлати мо ва истиқлолияту соҳибихтиёрии он вобаста аст.

Ҳақиқат ин аст, ки барои давлатҳо дар марҳалаҳои оғозини бунёд ва таҳкими пояҳои он масъалаҳое вуҷуд надоранд, ки дувумдараҷаву севумдараҷа бошанд ва ҳалли онҳо мавқуф гузошта шавад. Балки ҳамаи масьалаҳое, ки бо зиндагии ҷомеа вобастаанд, муҳиму аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Бо ин ҳама, дар зимни масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавон омӯзишу парвариши онҳо дар рӯҳияи ахлоқу одоби миллӣ, омода кардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, рушди фикриву маьнавӣ, соҳиби касбу ҳунару дархӯри замон намудани онҳо аз авлавиятҳои муҳим ва масъалаҳои бунёдии ҷомеаи имрӯзи мо мебошад.

Кишварҳое, ки ба тараққиву пешрафт расидаанд ва мардуми онҳо, дар рифоҳу осоиш бар сар мебаранд, кишварҳое ҳастанд, ки мардумонашон дар ин роҳ талош карда ба натиҷае расидаанд. Агар мо низ хоҳони пешрафту рифоҳу осоиш ҳастем, бояд худамон ҳиммат кунем ва ба умеди бегонагон набошем. Ин як асли куллӣ ва асосӣ дар тамоми ҷаҳон шинохта шудааст.

Саидов М. - мудири кафедраи психология, дотсенти ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru