• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Тарбияи психологӣ ҳамчун заминаи рафъи таъсири ифротгароӣ

Ҷангҳои хонумонсӯз, низоъ ба якдигар, кинаву хусумат доштан ё якдигарро дуруст дарк накардан ин натанҳо ба шахсият, оила ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, балки ватану миллатро аз байн бурда нобуд месозад. Зеро душман ҳамеша аз заифии ҳар як шахс истифода бурда, кори максадноки хешро ба иҷро мерасонад. Андеша ва кӯшиши ҳамаҷонибаи террорист ва экстремист ин аз байн бурдан ва ё нобуд сохтани

мамлакатҳои пешрафта, тараққиёфта ва абарқудрат ба воситаҳои ҷангҳои хунин мебошад.

 

Андешаи мо чунин аст, ки душман касеро ба доми фиреби худ меандозад, ки ӯ аввалан донишу фаҳмиш ва тасаввуроти комил надошта, аз ҷиҳати иқтисодӣ норасоиҳои зиёд дорад ва инчунин дар оилаи носолим ба воя мерасад. Махсусан, таълиму тарбияи фарзандон дар ин самт муҳим аст.  Бояд гуфт, ки аз ҷониби устодони кафедраи психологияи донишгоҳ дастуре барои пешбурди натиҷабахшию самаранокии кори таълиму тарбияи фарзандон омода гаштааст. Дар роҳнамои мазкур масъалаҳои психологии таълиму тарбияи фарзанд мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифта, ба волидайн, омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф ва онхое, ки ба таълиму тарбия робита доранд, чанде аз роҳу усулҳои муносибат бо фарзанд, тарзи таълиму тарбияи онҳо пешниҳод мегардад. Аз адабиёти психологӣ ва педагогӣ маълум аст, ки таълиму тарбия масъалаи хеле душвор буда, ба натиҷаи дилхоҳи он ноил гардидан заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Бо вуҷуди ин роҳу усулҳое мавҷуданд, ки барои самарабахшии кори таълиму тарбия манфиатоваранд.

Оид ба таълиму тарбияи насли наврас мутафаккирони гузаштаи форсу тоҷик афкори хеле зиёде овардаанд, вале новобаста аз ин ҳоло дар байни ҷавонон ва наврасон таълиму тарбия хеле коста гардидааст. Аз ин рӯ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешниҳод гардидааст.

Омӯзиши инкишофи психологӣ ва муайян намудани хусусиятҳои шахсӣ кори бениҳоят душвор буда, на ҳамаи волидайн аз уҳдаи ин кор баромада метавонанд. Аз ин рӯ ташхиси хусусиятҳои психологӣ душвор буда, бе ёрии машваратчӣ – психолог ба даст намеояд. Бинобар ин, салоҳ аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ воҳиди кории психологи мактабӣ амал намояд ва марказҳои ёрии психологӣ кушода шаванд. Инчунин дар воситаи ахбори умум, аз ҷумла дар рӯзномаҳо саҳифаи ёрии психологӣ ба волидон кушода шавад. Сомонаҳои интернетии ёрии психологӣ ба волидон дар тарбияи фарзанд амал кунанд, то ки ҳар як масъалаи душворфаҳмро якҷоя бо психологони касбӣ муҳокима намуда, усулҳои беҳтаринро истифода намоянд.

То имрӯз олимони соҳаи психология тадқиқоти зиёди илмӣ гузаронида ошкор намудаанд, ки омӯзиш ё таълим воситаи муҳими инкишофи рӯҳии кӯдак мебошад. Яъне хусусиятҳои пешбарандагии таълим дар инкишофи психика дар он ифода меёбад, ки ҳамаи амалҳои наверо, ки кӯдак таҳти роҳбарии калонсолон иҷро мекунад, минбаъд худаш мустақилона иҷро менамояд. Фарқияти байни иҷрои амалҳои якҷояи кӯдаку калонсол ва амалҳоеро, ки кудак мустақилона иҷро мекунад, Л.С.Виготский “минтақаи наздиктарини тараққиёти психика” номида буд.

Дар замони муосир, ки ифротгароӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муайян дастгирӣ ёфта, ҳар лаҳза хатари ба гирдоби чунин хатари бузург афтодани насли наврас ва ҷавонон вуҷуд дорад, аз ҷиҳати психологӣ бояд насли ҷавонро бар муқобили ҳар гуна тавтеаҳо омода намоем. Махсусан, ҷавонон бояд ба мафҳуму моҳияти дини мубини ислом дуруст сарфаҳм раванд. Дарки дурусти дину мазҳаб замина фароҳам меоварад, то ҷомеа ба афкору андешаҳои ноқису пучу бемаънии ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ бовар накарда, ба доми фиреби онҳо наафтад. Чунончи, дар омӯзаҳои қуръони маҷид худованд мардумро ба меҳрубонӣ, сулҳпарварӣ, эҳтироми якдигар, муқаддас доштани ватан, фармонбарии шоҳи одил ҳидоят намудааст.

Хушбахтона, кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарабахш зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти сулҳофарӣ ва созандаро минбаъд низ густариш хоҳад бахшид. Бовар дорем, ки насли ҷавон ва ҷомеаи бодониш ва рӯҳан инкишофёфта барои расидан ба ҳадафҳои неки давлату ҳукумати мамлакат заминагузор хоҳад буд.

 

Эмомназарова Муҳаббат - муаллими калони кафедраи психологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Сафарова Дилафрӯз - ассистенти ҳамин кафедра

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj