• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ваҳдат - меҳвари осоиши башарият

Чун  сухан аз  ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ - омили асосии таҳкимбахши давлат ва саодати миллӣ меравад,  ҳаминро  мебояд  тазаккур  дод, ки  дар ин самт идеологияи давлати навини мо, ки    барқарории  сулҳ  ва  таҳкими ваҳдати  миллиро ҳадаф қарор додааст, бояд кори зиёдеро дар амал татбиқ кард. Бо шарофати он тамоми  мадраку  афкори  давлатдории  миллӣ  атрофи ҳамин  ғояи  сиёсӣ  мечархад. Албатта, дар  замони  гузариш  сулҳ, ваҳдат ва  муттаҳидӣ  ба  сифати  ғояи сиёсӣ  барои  ҳамбастагии миллӣ мусоидат  менамояд.  Ин раванд  як  марҳилаи муайяни  таърихиро дарбар  мегирад. Зеро ѓояҳои  сиёсии ҳар  миллату  давлат  дар  марҳилаҳои  гуногун тағйир  мепазиранд. Аммо  онҳо  дар марҳилаҳои  муайяни  таърихӣ барои  рушду  нумӯъи  ҳар давлат  заминаҳои воқеъӣ фароҳам  меоранд.  Вобаста  ба  гардишҳои  муҳими таърихӣ идеология ва  дурнамои  давлатдории  миллӣ  низ  тағйир  меёбад. Беҳуда нест, ки дар  Паёмҳои Президент ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  раванди  минбаъдаи  давлатдории миллӣ  дар асоси идеологияи ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мушаххас  шудааст.  Яъне, ҳадафи  асосии  давлатдории  навини  миллии Тоҷикистон  муттаҳид  намудани тамоми  халқу  миллатҳо  новобаста  аз  забон, дин, оин, нажод ва миллат мебошад, ки ҳамаи ин омилҳо дар ҳамбастагӣ ваҳдати миллиро решадор намуда, саодатро ба ҳамагон ба армуѓон меоранд.

 

 

Рушди рӯзафзуни  ҷанбаҳои  гуногуни  ҳаёти мамлакат  худ  гувоҳи  онаст, ки  арзишҳои миллии мо дар шароити ҷаҳонишавӣ хусусиятҳои  нав  касб  мекунанд. Бо татбиқи амалии ваҳдат ва арзишҳои миллӣ вақти он расидааст,  ки   ба  ҷомеаи ҷаҳонӣ  дастовардҳои  худро  пешниҳод  намоем. Ин  дастовардҳо дар  шакли  зуҳуроти  фитрӣ – дониш, ақл, ҷаҳонбинӣ  ва  афкори  созанда  пешниҳод  мешаванд. Аз ҷониби  дигар, пешниҳодҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  аз  минбарҳои  баланди  СММ  ва  аз ҷониби  ҷомеаи ҷаҳонӣ  дастгирӣ  шудани  онҳо  худ гувоҳи он аст, ки  идеологияи  навини  давлатдории  тоҷикон ҷанбаи миллӣ  дошта,  натанҳо ваҳдати дохилӣ, балки ваҳдати башаририро  дар асоси  маҷмӯи  бузурги ҷаҳонбинии  халқҳои  ҷаҳон дар худ  таҷассум  мекунад. Ин  гувоҳи  он аст, ки  идеологияи  давлати нави миллии мо барои на танҳо мо, балки баҳри башарият  фикри нав, андешаи нав, ҷаҳонбинии  нав  ва  сиёсати  навро ҳадафи аслӣ  қарор  додааст ва ин омилҳо барои рушди афкори башар ва ваҳдати умумибашарӣ ба таври ҷовидонӣ мусоидат менамоянд. Яъне, ваҳдат - меҳвари осоиши башарият аст, ки  дастёбӣ ба он ҷаҳди дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонро тақозо дорад.

 

Саидмуроди Хоҷазод, доктори илмҳои филология, профессор

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj