• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Ваҳдати миллӣ ва масири рушди кишвар

Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ҳамчун ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Шояд таърих, аҳамият ва зарурияти таҷлили ин рӯзи муборак барои насли ҷавонтари миллати мо то ба охир равшан набошад, вале калонсолон хуб дар ёд доранд, ки ин рӯз ба чи душворию азобҳо ва муборизаю талошҳо ба даст омад.

Имрӯз бо ифтихор дар қатори шоҳсутунҳои

бинои истиқомати миллии Тоҷикистон ва падидаи муҳими сиёсие мисли Ваҳдати миллӣ ёд мекунанд, ки меъмору поягузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

 

Агар ба таърихи ин ҷашни миллӣ ва оѓози ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар кишвар назар андозем, он хеле муҳим ва омӯзанда мебошад. Ин ҷашн ва ҳаракати созанда чунон ки ба ҳамагон маълум аст, аз рӯзи 27 июни соли 1997, рӯзи имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» оѓоз меёбад ва он дар тӯли солҳои баъдӣ тадриҷан ба дараҷаи як унсури муҳими фарҳанги ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфт. Ҳамасола дар яке аз минтақаҳои кишвар таҷлил намудани ин ҷашни воқеан миллӣ аз моҳияти бузурги сиёсӣ ва миллӣ доштани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дарак медиҳад, сабаби аз ҳама муҳими маҳбубият ва боарзиш будани ин ҷашн барои мардуми кишварамон ба назари ман дар он аст, ки созишномаи дар боло зикр гардида миллати моро дар он давраи пурихтилофу пурошӯби таърихӣ, аз парокандагӣ наҷот дод, истиқлолияти тоза бадастомадаи Тоҷикистонро ҳифз намуд ва мардуми парешонгаштаро ба ватан баргардонид. Мардумро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон, барқароркунии баъдиҷангӣ, истиқрори сулҳу оштӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дилгарм сохт. Баъдан дар ҷумҳурӣ ҳаракати тозае бо номи «Ҳаракати Ваҳдати миллӣ» ба вуҷуд омад, ки он дар тарѓиби арзишҳои волои сулҳу ваҳдати тоҷикон нақши бузург бозид. Бо гузашти солҳо ва тарѓиби арзишҳои сулҳу ваҳдат дар кишвари мо падидаи нодире бо номи фарҳанги сулҳ ва сулҳофариниши тоҷикон ташаккул ёфт, ки бешубҳа асосгузори ин падидаи нодири сиёсӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар таърихи навини Тоҷикистон халқ таҳти роҳбарияти Сарвару Пешвои хирадманд ва оқилу донои хеш тавонист, ки дар як лаҳзаи муҳими сарнавиштсоз манфиатҳои миллии худро аз манофеи гурӯҳию ҳизбӣ ва ҷабҳавӣ болотар гузорад ва бо ин ба марҳилаи дигари инкишофу шукуфоии сарзамини худ оѓоз бахшад. Чи қадар душвор ва сангин будани тасмимгириҳоро мо аз хотираҳо, ёддоштҳо ва навиштаҳои онҳое, ки дар марҳилаҳои аввали раванди музокироти тоҷикон иштирок доштанд, дарк намуда ва бори дигар ба хирад ва заковати аъзимию таърихии халқи тоҷик сари таъзим фуруд меорем, чунки дар он рӯзхое, ки дар кишвар муқовимат ва ихтилофҳои дохили боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуд, гуруҳҳои даргир ва тарафҳои муқобилро ба сари мизи музокирот нишинондан кори саҳлу осон набуд. Ин ҷо талошҳои созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои миёнарав, шахсиятҳои маъруф, дипломатҳои ботаҷриба ва ѓайраро махсус бояд қайд кард. Ҳамаи онҳое, ки шоҳиди оѓози гуфтушуниди байни тоҷикон ва оѓози раванди сулҳ буданд, ба ду чизи муҳим - ба хирад ва маърифати миллии тоҷикон ва иродаи қавию ифтихори ватандории Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд доданд. Ва натиҷаи ин аст, ки тайи чандин даҳсолаҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиш ва сабақгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин таҷрибаро айни замон дар бисёр кишварҳои гирифтори мухолифат ва муноқишаҳои дохилӣ татбиқ менамоянд ва самараҳои дилхоҳ ба даст оварда мешавад.

Бояд гуфт, ки арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо бо гузашти замон арзиш ва аҳамияти бештар касб мекунад. Чунки ин саҳифа ва рӯзи таърихии барои мо тоҷикон оѓози марҳилаи дигари инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид, ки он бо номи марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ дар таърихи халқамон ёд карда мешавад. Истиқрори сулҳу оромӣ ва осудагии дар кишвар на танҳо рӯ ба инкишоф  ниҳодани ҷумҳурӣ роҳи васеъ кушод, балки ҷомеаро куллан ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ ба марҳилаи рушд ворид сохт. Халқи тоҷик зери раҳнамои хирадмандонаи Пешвои миллат ба корҳои бунёдкорӣ ободу зебо гардонидани ватани худ оѓоз намуд. Мисоли равшани ин пиёда гардидани давра ба давраи ҳадафҳои стратегии кишвар буд, ки он Тоҷикистонро ба мамлакати рӯ ба тараққӣ табдил дод. Кушода шудани роҳҳо, нақбҳо, бунёди корҳонаҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳо  ва деҳаҳо чеҳраи умуми кишварро ба куллӣ таѓйир дод.

Имрӯз мардум хеле ба осонӣ аз ин гӯшаи кишвар  ба он гӯша рафтуомад доранд, робитаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ барқарор намуданд, ки ин ба инкишофи иқтисодиёт таъсири мусбат расонид. Маҳз ба шарофати оромию осудагии ҷумҳурӣ иншоотҳои азиме бунёд гардиданд, ки онҳо дар таърихи гузаштаи ҷумҳурӣ собиқа надоранд. Ташкили донишгоҳу донишкадаҳои муосир, бозсозӣ ва бунёди мактабҳои наву замонавӣ дар таълиму тарбияи ҷавонон муҳим мебошад. Имрӯз ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои маъруфи дунё таҳсил менамоянд ва онҳое, ки хатм карданд, айни замон дар рушди соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ кору фаъолият менамоянд.

Ҳамаи дастовардҳо ва пешрафтҳо аз файзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад. Имрӯз мо бояд ба қадри ин неъматҳои бузурги миллӣ, ки онҳо бо талошҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони барӯманду ватанпарвари миллати тоҷик ба даст омадаанд, расида, онҳоро азиз дорем.

 

Солеҳов Ш., мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, профессор

Имомназарова М., унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj