• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Ховарон

Бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ ва паркҳои истироҳатии кӯдакона дар назди биноҳои истиқоматӣ қомат афрохтанд. Дар ин самт донишгоҳи мо низ саҳмгузорӣ намуда, дар маҳаллаи Ховарон майдончаи варзишӣ ва боғча барои кӯдакон сохта ба истифода дод.
Дар расми ифтитоҳ ректори донишгоҳ, академик Носирљон Салимӣ ва намояндагони ҳукумати шаҳр ва ноҳия ширкат доштанд.
Кушодашавии майдонча бо пазироии гарми меҳмонон оғоз шуда,

зери садои форами мусиқӣ намояндагон туҳфаи донишгоҳ ба маҳаллаи Ховаронро аз назар гузаронида, пазируфтанд. Дар майдончаи варзишӣ нахустин маротиба дастаи футболбозони мо ҳунарнамоӣ намуданд. Хурсандии аҳли маҳалла ҳадду канор надошт. Кӯдакон ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, дар арғунчакҳо худро алвонљ медоданд.
Яке аз мӯйсафедони рӯзгордидаи маҳалла барои ин иқдоми хайр даст ба дуо бардошта, ба ҳамагон муваффақияту комёбӣ таманно намуд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj