• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

АСОСҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Тундгароӣ, ифротгароӣ, зӯроварӣ, таҳқиру таҳдид ва куштори бемислу монанди ҳам одамони ҳарбӣ ва ҳам аҳолии осоиштаю бегуноҳ дар ин даргириҳо, ки қабули он ба ақли солим ҳеҷ имкон надорад ва асоси онро ҳаракатҳои террористӣ ташкил медиҳад.

Асосан терроризмро ба намудҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст.

 

а) вобаста ба сатҳи фарогирӣ: байналмилалӣ, дохилидавлатӣ;

б) вобаста ба мотиви ҷиноятӣ: сиёсӣ, динӣ, миллӣ, иқтисодӣ тақсимбандӣ кардан мумкин аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор Қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи экстремизм»(с.2003), «Доир ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ» (с.1995), «Доир ба хизбхои сиёсӣ» (с.2001), «Дар бораи терроризм»(с.2001), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқобилияти легаликунонии (шустани) даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда мешавад, ва маблағгузории терроризм» (с.2011) ва ғайраҳо амал мекунад.

Дар онҳо мафҳумҳои асосӣ, принсипҳо, самту равияҳои асосӣ, субъектҳои зиддияти фаъолияти экстремистию террористӣ, оқибатҳои амали онҳо ва низоми судии эътироф кардани онҳоро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ, инчунин пешгирии роҳҳои паҳнкунии амалҳои террористӣ қайд карда шудааст.

Паст будани сатҳи зиндагӣ, нобаробарӣ ва ё номувофиқ будани музди меҳнат ва сарчашмаҳои даромади қисми зиёди аҳолӣ ба талаботи ҳаррӯзаи зист ва бекории аъзоёни ҷомеа сабаби ба ҷиноят даст задани гурӯҳи одамон мегардад. Тадқиқотҳои илмии шахсияти террористон нишон дод, ки қисми зиёди онҳо бекоранд. Аз ин ҳолат саркардагони гурӯҳҳои террористӣ ва ташкилкунандагони он аз ин фурсат истифода мебаранд.

Оид ба терроризм дар  Кодекси ҷиноятӣ (соли 1998), назар ба Кодекси ҷиноятии соли 1961 дигаргунӣ пешбинӣ шудааст. Қонунгузор ба хотири дар марҳалаи нав ва давраи гузариш ҷой доштани давлати соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборизаи шадид бурдан нисбати ин ҷинояти вазнин чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст. Пеш аз ҳама, акнун акти террористӣ (таҳрири соли 1961) ҳамчун як намуди терроризм пешбинӣ шуда (модаи 310), худи терроризм дар як моддаи алоҳида ҷой дода шудааст.

Барои мубориза бурдан бо терроризм ва пешгӯӣ намудани он бояд характеристикаи криминологии онро  пешниҳод намуд.

Ба категорияи характеристикаи криминологии терроризм олимон мафҳум ва моҳияти он, тасниф, нишондодҳои сифатӣ ва миқдории терроризм, маълумот оид ба шахсияти террористон, сабаб ва шароитҳои ба миён омадан ва чораҳои пешгирии онро дар ҷомеа мансуб медонанд. Донистани ҳамаи ин унсурҳо ба он мақсад аст, ки душмани ашадӣ- терроризмро пурра аз худ намудааст, бояд ба муқобили он муборизаи шадид ва самаранок пеша карда шавад.

Маълум мегардад, ки терроризм- ин содир намудани таркиш, сухтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷомеа хавфнок аст, дониста мешавад. Агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷомеа, тарсонидани аҳолӣ, ё расонидани таъсир пешбинӣ шуда бошад. Қонунгузор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсеро пешбинӣ намудааст, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, аммо дар ҳолати мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ сохтан ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кардан ва мавҷуд набудани таркиби ҷиноят дар ҳаракатҳои ин шахс дида шавад. Дар баробари он дар моддаи 180 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои иттилооти бардурӯғ оид ба кирдори террористӣ пешбинӣ намудааст.

Кодекси ҷиноятии ҶТ дар моддаи 310, ҳамчун як намуди терроризм, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии ҶТ бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор интиқом барои чунин фаъолият (акт террористӣ)-ро пешбинӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки содир кардани ҳамаи таркиботҳои номбаршуда дар маҷмуъ кирдори ба ҷомеа бисёр хавфнок –терроризмро ташкил медиҳанд. Таснифи терроризм низ бо таркибҳои номбаршуда вобастагии зич дорад.

Содир намудани акти террористӣ аз тарафи террористон, асосан ба вазъи сиёсию иқтисодии кишвар ва гузаронидани чораҳои сиёсии байналхалқӣ вобастагии зич дорад, ки ин хусусияти хоси содироти ин гуна ҷиноятҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Яъне душманони дохилӣ ва берунӣ, шахсони алоҳида ё гуруҳи шахсоне омода ҳастанд, ки барои пешравӣ ва инкишофи сулҳу ваҳдат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халал мерасонанд. Аз ин хотир дар вақти гузаронидани тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ ба сарчашмаҳои пайдоиш, ташкилкунандагон, марказҳои тайёр ва омӯзонидани террористон низ аҳамияти махсус дода мешавад.

Яке аз унсурҳои таркибии характеристикаи криминологии терроризм категорияи «шахсияти ҷинояткор» мебошад. Дар адабиётҳои илмӣ оид ба  мафҳуми он баҳсу мунозираҳо бисёранд, зеро баъзе олимон онро аз категорияи «субъекти ҷиноят» фарқ кардан намехоҳанд ва гурӯҳи дигаре шахсияти ҷинояткорро бо категорияи «шахсияти одамоне, ки ҷиноят содир кардаанд» мансуб дониста категорияи аввалро бо охирин иваз мекунанд. Ин тасниф ё гурӯҳбандӣ аз он даврае пайдо шуда буд, ки олимон дар ҷинояткор як типпи шахсияте, ки аз  афзоиши одамият дар ҷамъият дуршударо мефаҳмиданд ва ё сабабҳои биологиро ба ин шахсият мансуб медонистанд. Ин гуна баҳсҳои илмиро ҷамъбаст намуда, бояд қайд намуд, ки ба хотири он, ки худи ҷинояткорӣ – ҳолати иҷтимоӣ аст ва аз ин ҷо шахсияти ҷинояткор низ, ба мисли ҷинояткорӣ, хосияти дигаргуншавиро дорад. Баъзе аз ҷинояткорон аз тамоми ҷабҳаҳои илму техника ва дастовардҳои он дар ҷомеа огоҳ буда, бо як маҳорати «баланд» аз онҳо истифода мебаранд.

Намудҳои ҷиноят ва типҳои таърихии ҷинояткорон дар замонҳои гуногун якдигарро иваз мекарданд. Хулоса, омӯзиши типҳои шахсияти ҷинояткор барои пешгирии сабабҳои пайдоиш ва инкишофи он дар ҷомеа зарур аст.

Дар адабиётҳои илмӣ ва дар байни омма шахсонеро, ки ба терроризм даст мезананд «террорист» ном мегузоранд. Ин типи махсуси ҷинояткорон барои ҷомеа бисёр хавфнок мебошад. Бо назардошти ин мавқеи махсуси террорист ва раванди дуру дарози тарбия ва аз нав тарбияи ӯ қонунгузор барои содир намудани кирдори террористӣ санксияи баланд – аз озодӣ маҳрум кардани ӯ ба мӯҳлати дароз ва то ба ҳукми ҷазои ҷиноии маҳбаси якумра дар Кодекси ҷиноятӣ (қисми 3 моддаи 179) пешбинӣ шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳукми қатл моратория эълон шудааст. Дар аксари давлатҳои дунё  нисбати ин ҷинояти барои инсоният вазнин ҳукми қатл амалӣ карда мешавад.

Таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имконият медиҳад, ки баъзе сифатҳои хоси содир намудани онро дар ҷомеа муайян созем. Аз ҷумла содир намудани акти террористӣ ба таври гурӯҳӣ, мавҷуд будани захираҳои моддӣ- техникӣ ва ҳавасмандкунии моддии террористон аз тарафи фондҳои махсуси ташкилшуда ва ё шахсони алоҳида, интизоми қатъӣ ва тобеияти устувор дар дохили гурӯҳҳо, тақсимоти вазифаҳо даро байни аъзоёни гурӯҳ ва мавҷудияти сарвар барои ташкили кор, қисми зиёди аъзоёни гуруҳ асосан дар як маҳалли зист истиқомат мекунанд ва ғайра. Хусусияти хоси ин гурӯҳҳо, дар он аст, ки дар давраи аввали ташкили худ ин гурӯҳҳо мақсаду ангезаи сиёсиро доранд. Сабаби асосии он мавҷуд набудани заминаи идеологӣ дар гурӯҳҳо ба шумор меравад.

Дар дохили он сардор қувваи асосӣ буда, ба он итоати бечуну чаро ҷой дорад ва ӯ аз ҷумла, мақсаду ангезаи кирдорро муайян месозад. Баъдтар, оҳиста-оҳиста  онҳо ба гурӯҳҳои ғоратгару роҳзанӣ мубаддал гашта, дар баъзе ҳолат вобаста аз сарчашмаҳои молӣ ба ҷиноятҳои зӯроварию ғаразнок, ба монанди одамдуздӣ, ғасби гаравгон, тамаъҷӯӣ ва монанди инҳо машғул мешаванд. Дар як вақт таҳлили таҷрибаи тафтишоти пешакӣ ва судӣ нишон медиҳад, ки ин гурӯҳҳо содир намудани акти террористӣ ва таҳрибкориро ба фаъолияти асосии худ- ҳамчун сарчашмаи даромад табдил додаанд. Аз ин ҷост, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама мақомоти амниятро зарур аст, ки дар самти муайян сохтани пайдоиш ва фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо чораҳои махсуси фавриро ҷоннок гардонанд.

Хусусиятҳои дигари ин гуна гурӯҳҳо дар ҷумҳурӣ дар он  аст, ки онҳо дар дохили мамлакат ҳудуди содир намудани кирдорҳои худро доранд, яъне тақсимоти ҳудудӣ дар онҳо ҷой дорад.
Таҳлили криминологии терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки гурӯҳҳои дар боло номбар шуда  шумораи гуногун дошта (асосан 10-30 нафарӣ), дар онҳо асосан мардони ҷавони 20-30 сола, бе маълумоти кофӣ, бекор ва аз як маҳалли зист аъзо мебошанд. Ҳайати тамоми гурӯҳҳои террористӣ-таҳрибкорӣ, чӣ дохилӣ ва чӣ берунӣ, асосан аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ иборатанд. Ин гурӯҳҳо боз як хосияти хосе ба худ гирифтаанд, ки ин ҳам бошад надоштани доғи судӣ, аз тарафи бисёрии аъзоёни ин гурӯҳҳо ва ё онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои бешумори содиркардаашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудаанд. Дар бораи онҳо дар марҳилаҳои аввали мубориза мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ягон маълумоте надошт. Аз ин рӯ, ҳангоми ба амалбарории фаъолияти пешгирӣ бисёр монеаҳо ва душвориҳо пайдо мешуд.

Воситаи содир намудани ҷиноят аз тарафи гурӯҳҳои алоҳида, асосан якхела аст. Таҳлили таркишҳо ва истифодаи бомаҳорати яроқи оташфишон гувоҳӣ медиҳад, ки аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ мактабҳои махсуси тайёр ва гузаронидани актҳои террористӣ ва таасубкорро хатм кардаанд.

Амалиётҳои террористӣ асосан бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, таросонидани аҳолӣ ва муқобили шахсони дар ҷомеа мавқеи хос ва эътибори умумдошта содир карда шудаанд.

Қисми дигари гурӯҳҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз кишвар барои содир намудани акти террористӣ ва таасубкорӣ тайёрии пешакӣ мебинанд. Дар як вақт онҳо таҷрибаи калони ҷангӣ, гузаронидани амалиётҳои таркишӣ дошта, вазифаҳои дуру наздикӣ худро доранд. Мубориза бо ин намуд гуруҳҳои террористӣ-таассубгар мушкилии зиёд дорад.

Намуди сеюми гуруҳҳои террористӣ мавҷуд аст, ки дар дохили онҳо шахсони доғи судӣ дошта мавқеи роҳбарикунанда ва ташаббускори кирдорҳои ношоями ба ҷомеа хавфнок доранд. Ин гурӯҳҳо дорои тартиботи махсуси дохилӣ, сохтори хос ва дорои маблағҳои молию пулӣ мебошанд. Дар солҳои охир бисёрии ин гуна гурӯҳҳо муайян карда шуда, аъзоёни он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, аз тарафи суд маҳкум карда шуданд.

Ба санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ Конвенсияи Шанхайро дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм(Шанхай, 15.06.2001) номбар кардан мумкин аст, ки тибқи он созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафа байни мамлакатҳои аъзоёни ШОС ба имзо расиданд.

Асосан терроризм хусусияти байналхалқӣ дорад. Аз ин рӯ, бо он фақат дар ҳудуди ҷумҳурӣ мубориза бурдан - ин як қисми фаъолияти пешгирии он аст. Қисми дигари онро мубориза дар арсаи байналхалқӣ алайҳи терроризм ташкил медиҳад. Ҳодисаҳои дар гирду атрофи Тоҷикистон содиршуда, вазъи ноустувори давлати ҳамсоя – Афғонистон низ ба ин мубориза таъсири манфии худро мерасонанд.

Дар ин роҳ Федератсияи Россия ягона давлати мусоид барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки тайёр аст, дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ёрии техникӣ ва ҳарбӣ расонад. Имрӯзҳо «Давлати исломӣ» на фақат ҷавонмардон, балки инчунин онҳо бачаҳои хурдсоли панҷсола ва аз панҷсола боло, занҳо ва калонсолонро низ дар ҷанг истифода мебаранд Махсусан бачаҳои хурдсолро ҳангоми ҷазо додани рақибон дар сафи пеш мегузоранд. Онҳоро аз хурдӣ дар рӯҳияи бераҳмӣ, нотарсӣ ва одамкушӣ тарбия мекунанд. Размандагони давлати исломӣ дар симои бачаҳои хурдсол барои чандин наслҳои дигар проблема эҷод мекунанд. Дар қаламрави ин гурӯҳҳо чандин мактабҳо мавҷуд аст, ки барои тайёр намудани кори ҳарбӣ дарсҳо ва машқҳои тайёрии ҳарбиро мегузаранд.

Ҳолати рафти тафтишот ва фоизи кушода намудани ҳодисаҳои терроризм дар мамлакат низ беҳбудӣ мехоҳад. Ин пеш аз ҳама ба сифати тайёр намудани кадрҳо дар ин самти махсусан муҳим, ба баланд бардоштани таҷрибаи кории муфаттишон нисбати терроризм, ба мавҷуд будани саривақтии таҷҳизоти зарурии технологияи ҳозиразамон дар гурӯҳҳои тафтишотӣ вобастагии калон дорад.

Терроризм ҳоло барои ҳар як давлат масъалаи мураккаб ва ҳалталаб аст. Дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш карда истодаанд, ки роҳи ҳалли онро ёбанд. Мавқеи ин мубориза ва аҳамияти он барои ҷомеаи инсонӣ бисёр бузург аст.

 

Доктори илмҳои таърих, дотсент

Фозилова М.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru