• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Терроризм - хатари глабалии №1 дар ҷаҳон

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст ин терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.

Терроризм ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ ҷинояти махсусан вазнин буда, зери қонуниятҳои сабабӣ ҳолати он бо дигар ҳолатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бо иқтисодиёт, сиёсат, идеология ва психологияи ҷамъиятӣ ва бо ҳуқуқ алоқаманд аст.

Ҷиноят- на фақат кирдори содиршудаи гунаҳгоронаи ба ҷамъият хавфнок, инчунин он бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ карда шуда мебошад Баҳисобгирии тавсифи ҳуқуқии ҷинояткорӣ дар вақти баҳодиҳии дараҷа, таркиб ва динамикаи он бисёр муҳим аст.

Ҷинояткорӣ - ин маҷмӯи том, низоми ҷиноятҳои содиршуда буда, хусусияти низомии он дар алоқамандии намудҳо, мақсаду ангезаи он зоҳир мегардад.  Яке ба дигаре таъсир мерасонад, барои паст ва баланд рафтани дигар намуди он мусоидат мекунад.

Ҷинояткорӣ аз маҷмӯи ҷиноятҳои мушаххаси дар ҳудуд ва вақти муайян содиркардашуда иборат аст. Намудҳои он аз рӯи аломатҳои гуногун: субъект, объект, тарафҳои объективӣ ва субъективии он, бобҳои қисми махсуси кодекси ҷинояти, мақсаду ангеза ва ғайра тақсим карда мешаванд. Аз ин рӯ, ба ин ҳолати иҷтимоӣ характеристикаи миқдорӣ ва сифатӣ додан мумкин аст, ки онҳо сатҳ(ва ё дараҷа), сохт(ва ё таркиб) ва динамика мебошанд. Терроризм бошад, яке аз намудҳои ин ҳолати иҷтимоии дар ҷомеа  мавҷудбударо ташкил медиҳад.

Терроризм, террорист, фаъолияти террористӣ- калимаю ибораҳое мебошанд, ки одатан ҳар рӯз ба воситаи расонаҳои хабарӣ пахш шуда, шаҳрвандонро безобита мекунад ва боиси ноумедии онҳо аз зиндагии хушу осоишта мегарданд. Умуман дар ҷумҳурӣ чанде қабл оид ба терроризм диққати махсус дода намешуд, гарчанде, ки ин масъала дар кодекси пештара низ ҷой дошт, зеро то соли 1990 дар ҷумҳурӣ терроризм ба мисли ҳозира ин қадар авҷ нагирифта буд.

Мувофиқи маълумоти «Интернационал секюрит ревью» аз соли 1970 то соли 1978-5534  амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти соли 1985 зиёдшавии амали террористӣ дар таносуб ба соли 1981 ба 15% афзуда аст[1].

Дар замони муосир кирдорҳои террористӣ хеле бераҳмона шакл мегиранд. Он бисёртар ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Шумораи гуруҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ афзуда истода аст.

Террористон дар фаъолияти худ воситаҳои гуногуни техникӣ ва яроқҳои марговарро ба муқобили аҳолии осоишта истифода мебаранд. Барои ин мисоли равшан воқеаҳои сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорк мебошад, ки бо истифодаи техникаи бузург ҳазорҳо одамон ба марг расонида шуда, ба иқтисодиёти ИМА зарари калон расонида шуд. Аз кирдори бади террористон ҳазорҳо ҷабрдидагон дар ҷаҳон ҷой доранд. Сол то сол шумораи онҳо зиёд шуда истода аст.

Зуҳуроти номбаршуда дар солҳои куҳан низ ҷой дошт. Девид Раппорт дар асари худ онро дар се дини қадим қайд мекунад. Дар ҳар яке аз динҳои қадима майли амали террористи ҷой доштанро ӯ зикр намудааст. Чунончи, дар дастовардҳои ӯ қайд мешавад, ки дар масеҳият (таасуб-сикариё), дар буддо (буғикунандаҳо), дар ислом(шиаҳои исмоилия) ҷой доранд[3].

Мавриди қайд аст, ки ин гуна гурӯҳҳои террористӣ дар замони мо низ ҷой доранд. Шумораи гуруҳҳои террористӣ дар кишвари мо то соли 2012 ба 14 расида буд.

Оид ба терроризм ва моҳияти он дар замони муосир ақидаҳо бисёранд. Дар ҷамъият ба омилҳои терроризм аз нигоҳи зуҳуроти иҷтимоӣ, сиёсӣ, психологӣ, динӣ, ва дар вақти мубориза алайҳи терроризм дар ҷамъият аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ бояд баҳо дод. Дар акси ҳол дар ҷамъият мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ бурдан ғайри имконпазир аст. Ақидаҳои гуногуни дар байни олимон мавҷударо бо гуфти олим Х.С. Хомушов метавон ҷамъбаст кард. Ӯ қайд мекунад, ки на «терроризми исломӣ», на терроризми насронӣ», на «терроризми курдӣ» ва на «терроризми ирландӣ», балки ҷиноят ва ҷинояткор арзи мавҷуд дорад. Терроризм ин бадбахтии умум буда ба он мумкин аст, танҳо бо саъю кӯшиши якҷояи давлатҳо ва халқҳо, сарфи назар аз мансубияти динӣ ва миллаташон мубориза бурд[4]. Ҳодисаҳои аввали сентябри соли 2015 дар маркази ҷумҳурӣ рӯй дода мисоли равшани даст доштани қувваҳои муташаккили ҷинояткорон барои ноором сохтанӣ вазъи сиёсии мамлакат ба шумор меравад.

 

  1. Шарипов Т.Ш. Терроризм: табиати ҳуқуқи ҷиноятии он. //Устувории низоми судии Тоҷикистон: проблема ва мулоҳизаҳо. Душанбе, 2002. -С.105.
  2. Хомушов Х.С. Ислам и международное право: Анализ исламской доктрины международного права.- М., 2000. -С. 128.
  3. Шарипов Т.Ш. Терроризм: табиати ҳуқуқи ҷиноятии он. //Устувории низоми судии Тоҷикистон: проблема ва мулоҳизаҳо. Душанбе, 2002. -С.106.
  4. Хомушов Х.С. Ислам и международное право: Анализ исламской доктрины международного права.- М., 2000. –С.140-141.

Доктори илмҳои таърих, дотсент

Фозилова М

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj