• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҶАВОНОН ВА ДУРНАМОИ ТАҲКИМИ РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Таърихи ташаккули ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки башарият дар тули ҳастии худ шаклҳои гуногуни давлатдориро аз сар гузаронидааст. Миёни онҳо давлатди миллӣ яке аз устувортарин низоми давлатдорӣ ва дорои фазои муносиби инкишофи миллат шинохта шудааст. Давлати миллӣ дар асоси арзишҳо, муқаддасот, расму оин, фарҳанг ва сифатҳои хоси миллат бунёд ёфта, соҳибтамаддунии миллатро

нишон медиҳад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ноустувории сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷаҳони муосир низоми давлатдории миллӣ муҳимтарин воситаи ҳифзи манфиатҳо, ҳувваият ва арзишҳои миллӣ мебошад. Давлати миллӣ низоми давлатдориест, ки он дар асоси омехтагии шаклҳо ва низомҳои гуногуни давлатдорӣ бо дарназардошти ҳимояи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, нигоҳдошт ва эҳёи арзишҳои миллӣ ҳамчун заминаи давлатсозӣ ва рушди устувору бетаъсири иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ бунёд мегардад. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд «Соҳиби давлати миллӣ гаштани мо ва таваҷҷӯҳи хоса доштан ба низоми давлати миллӣ ҳаргиз маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи дигар миллатҳоро надорад. Зеро давлати миллӣ барои мо воситаи ҳифзи фарҳангу забони миллӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба он эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад».

 

Миллати тоҷик роҳи бунёди давлати миллиро дар доираи принсипҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ пеш гирифт. Асоси давлати миллиро пеш аз ҳама инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ, ҳамгироӣ, муносибати неки ҳамбастагӣ бо давлатҳои дигар, созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини зиндагии шоистаю арзанда баҳри онҳо, волоияти қонун, ҳифз ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арҷгузори ба фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ ва эҳтиром ба эътиқоди мардум ташкил менамояд.

Равандҳо ва бозиҳои сиёсӣ, ҳамзамон бархурди манфиатҳои геополитикию стратегии давлатҳои абарқудрат нишон медиҳанд, ки зери ниқоби демократия, дин ва «дастгирӣ»-и башардӯстона манфиатҳои миллӣ, ҳувияту фарҳанг ва таъриху ҳастии бисёре аз миллату давлатҳо зери по карда мешаванд.

Тибқи Конститутсияи кишвар Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Вобаста ба ин, низоми давлатдории кишвар дар шакли демократӣ бунёд гардидааст ва халқ сарчашмаи асосии ҳокимият баромад менамояд. Аммо дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби насли ҷавони кишвар бисёре аз паҳлуҳои демократия, ки созгор ба арзишҳо ва манфиатҳои миллии мо нестанд қабулу тарғиб мегардад ва дар зери мафҳуми демократия озодии мутлақ фаҳмида мешавад.

Дар ин замина мо бояд демократияи миллиро ба ҷавонон омӯзем ва тарғиб намоем. Демократияи умумиҷаҳонӣ ва ё ба қавле Ғарбӣ на дар ҳама самтҳо ва паҳлуҳо ба урфу одат, расму оин, фарҳанг ва ҳуввияти миллии мо созгор аст, ки метавонад дар оянда дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ хатар эҷод намоянд.

Агар ба маънои маҷозияш гӯем, бешазоре, ки фазояш барои гургону шағолон мувофиқ аст, ин маънои онро надорад, ки фазои он бешазор барои шерон низ мувофиқ бошад. Аз ин рӯ, мо бояд демократияи миллии худро дошта бошем.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ, меъёрҳои ахлоқи миллӣ, ки яке аз восита ва рукнҳои таъмини субот ва ваҳдат дар ҷомеа маҳсуб меёбанд, бо дарназардошти он, ки иҷроишашон ихтиёрӣ мебошад, дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби ҷомеа, махсусан ҷавонон риоя намегарданд. Дар ин ҳолат эҳтиёҷ ба чораи маҷбурсозии қонунӣ зиёд мегардад ва меъёрҳои ахлоқӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил дода шуда, дар қонунгузорӣ ҷой дода мешаванд ва иҷроишашон ҳатмӣ мегардад. Мисол эҳтироми волидайн, дастгирии онҳо дар пиронсолӣ, таъмини фарзанд то сини балоғат ва ғ.

Вобаста ба ин, ба андешаи ман ҷиҳати таъмини абадияти пойдории сулҳу ваҳдат, ки яке аз рукнҳои асосии ҳастии давлату миллат ва озодиву истиқлоли он маҳсуб меёбад мо бояд аз ҷузъиётҳо хурдтарини ахлоқи миллӣ оғоз намуда, то бузургтарин дар пойдориву ҷовидонии миллат ва давлат омӯзем. Ҳар як ҷузъиёти ахлоқи миллӣ дар таъмини амнияти миллӣ ҷойгоҳи худро дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мо имрӯз дар марҳалаи такомули давлати миллии худ қарор дорем. Дар ин давраи тақдирсоз осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заминаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нерӯи бузург ва созанда мебошанд.

Андешаҳои бузургони миллат дар ҳар давру замон, бахусус дар даврони ташаккули рӯҳи озодиву истиқлолхоҳӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳиро дар худ таҷассум намудаанд.

Муҳимтарин ҳадафи онҳо эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, шукӯҳу азамати давлатдории аҷдодӣ ва бунёди низоми адолатпеша буда, ин афкору ғояҳо тадриҷан ба нерӯи бонуфузи ғоявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил ёфтаанд».

Дар ин замина ба андешаи мо анҷом додани чунин корҳо миёни ҷавонон аз манфиат холӣ нест:

  1. Баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ – фарҳангӣ, ки тавонад сатҳи зиракии сиёсии ҷавононро боз ҳам баланд бардоранд.
  2. Тарғиби моҳияти диндорӣ ва пешгирии сӯистифода аз дин миёни ҷавонон.
  3. Ташкили дарсҳои сиёсӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, вазорату идораҳо ва маҳалу деҳаҳо.
  4. Баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотӣ – равонӣ доир ба густариш додани мафкураи илмӣ - дунявӣ ва коҳиш додани мафкураи хурофотпарастӣ, асотирӣ - динӣ.
  5. Тарғиби бештари арзишҳо ва дастовардҳои миллӣ миёни ҷавонон.
  6. Тарғиб намудани ташаббусҳо ва хизматҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи диндорӣ ва ба ҷо овардани фароизи дини мубини Ислом.
  7. Тарғиби андешаи миллӣ ва бунёди давлати миллӣ миёни омма, бахусус ҷавонон.

Бунёди давлати миллӣ фарогири тамоми орзую ормонҳои миллату давлат ва мардуми шарафманди Тоҷикистон буда, манфиатҳои тамоми сокинони кишварро дар худ инъикос менамояд. Дар мархилаи бунёди давлати миллӣ аз мардуми Тоҷикистон, махсусан ҷавонон танҳо сатҳи баланди ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва дастовардҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва илмдӯстию фарҳангсолорӣ, аз бар намудани касбу ихтисосҳои замонавӣ ва техникаю технологияҳои иттилоотию забонҳои хориҷӣ талаб карда мешавад.

Дар тӯли 26 – соли Истиқлолияти давлатӣ исбот гардид, ки ин сиёсат ва ин роҳи пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан дуруст буда, танҳо манфиати мардумро ҳимоя менамояд ва ҳадафи ниҳоии он таъмини зиндагии шоистаю арзанда барои тамоми сокинони кишвар мебошад. Роҳи ояндаи ин сиёсат сохтани давлати ҳамаҷониба рушд кардаи миллӣ мебошад, ки аз мардуми шарифи Тоҷикистон муттаҳидӣ ва ягонагиро дар зери ин сиёсат ва Парчами миллӣ талаб менамояд.

Қувватов Сайдулло - мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj