• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ЗИ ДОНИШ МЕШАВАД ВО БАНДИ МУШКИЛ!

Паёми табрикии ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ба ифтихори фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодон ва донишҷӯёни арҷманд!

Дӯстони азиз!

Дар Ватани маҳбуби мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, басо рамзиву сурурбахш аст, ки оғози ҳар соли нави таҳсил ҳамбастагӣ бо воқеаҳои муҳим ва рӯзҳои таърихӣ дорад. Дар нахустрӯзҳои соли нави таҳсил дар кишварамон дарси Сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, Рӯзи дониш ва Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Аҳли ҷумҳурӣ 9 сентябр солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо камоли ифтихору шукргузорӣ ҷашн мегиранд, ба нишони ифтихор аз давлату давлатдории мустақили тоҷикон намоишу тантанаҳо меороянд.

 

Ба ҳукми анъана, дар донишгоҳи мо Рӯзи дониш ва Рӯзи китоб хотирмону пурмуҳтаво таҷлил мешавад, зеро дониш «чароғи равшан андар дил» асту китоб «фурӯғи субҳи доноӣ» мебошад. Донишандӯзӣ, ки тавассути китоб ба даст меояд, асоси фаъолияти шогирдони мост. Мо ифтихормандем, ки донишгоҳамон дар масъалаи таҳия, иншо ва нашри китоб байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ мақоми ифтихорӣ дорад ва дар арҷгузории ин «ганҷинаи дониш» ҳамагон фаъоланд. Дарси Сулҳ низ дар таълимгоҳи мо ҳамеша мазмуну муҳтавои рангину ҷолиб ва муассир дорад, зеро Сулҳ мунодии рӯзгорони саодатмандонаю бафайз ва таъмингари ҳаёти осоиштаи Ватани маҳбубамон мебошад ва ҳама пирӯзиҳоямон бо тантанаи Сулҳ иртиботи ногусастанӣ пайдо карда.

 

Ҳамаи шумо – устодону шогирдон ва кормандони донишгоҳи азизамонро бо фарорасии соли нави таҳсил ва ба муносибати фархундаҷашни миллат – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям. Бароятон комёбиву сарбаландӣ ва бахту саодат таманно дорам.

Ҳамеша фаъолиятатон бобарор ва рӯзгоратон фараҳбор бод!

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj