• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ХУДШИНОСӢ – РИСОЛАТИ АСЛИИ РАВШАНФИКР

 

Худшиносӣ сарчашмаи шинохти арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва  фарҳангии миллат, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба таърих, фарҳанг, забон, адабиёт, расму оин, ҷашнвораҳо, анъанаҳо, дин ва тамаддун аст. Худшиносӣ эҳсос ва виҷдони шахс дар роҳи беҳдошти асолати миллӣ, дўст доштани миллат ва ватани худ, пос доштани шараф ва номуси миллат мебошад.

Ба андешаи бисёр муҳаққиқон худшиносӣ ду зинаи асосӣ дорад, ки ин худшиносии фардӣ ва худшиносии иҷтимоӣ мебошад. Худшиносии фардӣ дараҷаи ташаккули ҷаҳонбинӣ, худогоҳӣ ва анъанавии як фард буда, худшиносии иҷтимоӣ дараҷаи худогоҳӣ ва хештаншиносии афроди ҷомеа маҳсуб мешавад.

 

Роҳҳои расидан ба худшиносӣ ва худогоҳӣ гуногунанд. Нақш ва таъсири оила, мураббиён, омӯзгорон ва ашхоси маърифатноки ҷомеа меҳвари таълиму тарбияи шахс ва ҷомеаро ташкил медиҳад. Тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият мебошад.

 

Нахустин мактаби тарбияи худшиносии мардуми тоҷику форс ҷаҳонбинии ориёӣ мебошад. Нахустин осори хаттии мардуми тоҷик осори куҳани адабӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии он, аз ҷумла “Авасто”, “Дарахти ассурик”, “Ёдгори зарирон” ва ѓ. мебошанд, ки таҷассумгари назарияҳои худшиносӣ мебошанд. Асли ҳикмати ориёиён ҷанбаҳои инсонгароёна доранд. “Авасто” китобест, ки нахустин андарзи ахлоқӣ ва такмилаи шахсияти инсон: пиндори нек гуфтори нек ва рафтори некро ба миён гузоштааст.

Рисолат ва асолати равшанфикрони миллӣ дар пешбурд ва бедории миллат хело бузург аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “зиёиёнро хазинаи тиллоии миллат” номидаанд. Таъсир ва нақши андешаҳо, афкор ва назариёти равшанфикрон дар рушди маънавиёт, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва худогоҳии афроди ҷомеа ниҳоят бузург аст, ки  муаррифии миллат ба ҷаҳониён яке аз ҳадафҳои муассири он маҳсуб меёбад.

 

Давлатова О.,

ассистенти кафедраи фалсафа

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj