• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ВАҲДАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

 

Ҳудуди ҷуғрофии Тоҷикистони кунунӣ ҳамчун сарзамини куҳан ва соҳиби тамаддуни ғанӣ аз замонҳои қадим дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд дошта,  маълуму машҳур буд. Ин сарзамини ниёгон таърихи ҳазорсолаҳо дорад, ки дар он халқи тоҷик чандин сохти давлату давлатдориро аз сар гузаронида, таҷрибаи бойро аз бар кардааст. Бо амри таърих давлатҳои сершумори хурду калон паси якдигар аз арсаи таърихӣ рафтаанд, ҳар кадоми онҳо нақши бузург ва мероси бое боқӣ гузоштаанд. Аммо халқи тоҷик ҳамчун вориси қонунии аҷдоди худ ба ҳар гуна фишору зуроварӣ ва хавфу хатар тоб оварда, худро аз нестшавӣ нигоҳ дошта, ватани худро муҳофизат карда тавонистанд.

Ноил гардидан ба идеалҳои олии истиқлолият, худшиносї, ваҳдати миллӣ ва барпо намудани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ аз замонҳои қадим боз умеду орзуи халқи тоҷик мебошад. Тоҷикон аз ибтидои пайдоиши худ то имрӯз дар ҳар як марҳилаи таърихӣ ба бисёр монеаҳо, душвориҳо нигоҳ накарда, муборизаи қаҳрамонона бурда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории худро оғоз бахшиданд.

Санади тақдирсози сулҳ, яъне “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллї” рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу суббот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ва дигар маҳрумияту мушкилоти сангин муяссар гардида, дар ин раванд ҳадафи шуми дар ниҳояти кор аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон барбод рафт.

Ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат аст ва чун адувон миллатро ба вартаи нестӣ ва ё вобастагӣ кашиданӣ мешаванд, мекӯшанд, ки сараввал ваҳдати ин мардумро аз байн баранд. Бо ҳамин ғаразҳои нопок миёни тоҷикон низ оташи ихтилофоти ваҳдатшикан барафрӯхта шуд, вале ин миллати тоҷвар, ки бо шебу фарози таърих бисёр бархӯрд кардаву аз банди басо макру ҳияли кинаваронаш раҳида буд, дар марҳилаи навини такдирсози хеш ба рағми ҳама монеаву талошҳо устуворона истодагарӣ намуда, ваҳдаташро чун гавҳари поку ноб ҳифз намуд ва ин буд, ки ба рӯзгорони саодатбору тарабафзо расид.

Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд. Халқи тоҷик даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рӯзҳои сахту сангин ва хисороти гарони онро фаромӯш накардааст. Аз ин хотир, ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати озоду соҳибихтиёрро, ки ҳамакнун 27-солагии Истиқолияти онро ҷашн мегирем, ҳамеша ба ҷо орем, соҳибватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем.

Ахиева С.У.,

дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj