• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Эълон

ЭЪЛОН


КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

 

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 10-уми ноябри соли 2018 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор менамояд. Ба конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқон, мутахассисон ва намояндагони вазорату кумитаҳо, идораҳои дахлдори давлатӣ, институтҳои илмию тадқиқотӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мегардад:

- вазъи муосир ва дурнамои рушди индустрияи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазъи муосир ва дурнамои рушди индустрияи меҳмоннавозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- масъалаҳои мубрами истифодаи оқилонаи иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нақши ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихӣ дар рушди туризм;

- проблемаҳои омода кардани мутахаcсиcони соҳаи туризм ва меҳмондорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- рушди устувори минтақаҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омилҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Талабот барои таҳияи маърӯзаҳои коференсия дар шакли мақола:

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳриршуда ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯ бошанд:

- саҳифаи андозааш А4, ҳошияҳо аз тарфи чап 3 см, аз чор тараф рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;

- хуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman TJ бо андозаи – 14;

-  сатри якум – насаб, ном ва номи падари муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор;

- сатри дуюм – номи мақола БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробарии матн дар байни саҳифа;

- сатри сеюм – матни асосӣ, дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шавад, фосилаи байни сатрҳо 1,5 см;

- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи АДАБИЁТ оварда шуда, бо тартиби алифбо омада карда шавад;

- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, бо чунин тартиб [2, 45] омода карда шавад; дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;

- ҳаҷми матни мақола бояд аз 7-8 саҳифа (бо расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёти истифодашуда) кам набошад;

- ҳамаи маърӯзаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошанд. Аннотатсияҳо набояд аз 25 сатр кам бошанд.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Дархост барои иштирок ва матни мақолаҳо бояд то 20-уми октябри соли 2018 ба почтаи электронии Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ва ё ба суроѓаи 734003 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 ба кафедраи методикаи таълими география ва туризми факултети географияи донишгоҳ ирсол карда шавад.

Тел.: (+992) 224-89-96; (+992) 935-19-99-41

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj