• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

БА ДУШМАНҲО НАШОЯД КАРД РАҲМАТ


Ҷаласаи Дафтари институти демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), ки ҳамасола  пиромуни баррасии иҷрои уҳдадориҳо оид ба андозагирии инсонӣ баргузор мешавад, имсол 10-уми сентябр дар пойтахти Полша – шаҳри Варшава оғоз гардид. Боиси таассуф аст, ки дар радифи намояндагони воломақоми мамолики ҷаҳон чанд тан аз террористону ифротгароён – хоинони миллату давлати тоҷикон, аз қабили Муҳиддин Кабирӣ, Вайсиддин Одинаев, Шоҳнаими Карим, Сулаймони Орзу низ дар ин нишаст ширкат намуданд.

Бисёр шигифтовар ва тааҷҷубарангез аст, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ тундгароён ба роҳатӣ сухан меронанд ва ҳатто алайҳи як ҷумҳурии обрӯманд ба нишони эътироз шиорпартоӣ намуданд. Дар Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар заминаи Конститутсия пойбарҷост, чӣ гуна ин ашхоси бадтинату табаҳкор ҷоғ мезананд, ки ҳуқуқҳо поймол мешаванд?!

Аслан, омили гулу дарондану санги маломат бар сари ҳамватанону ҳаммилатони хеш андохтани ин зумра сияҳкорон ба афроди аҳли фаҳм возеҳ аст. Онҳо аз ҷамоҳири манфиатдор маблағҳои ҳангуфт ба даст овардаанд ва вазифаи ҷонии хеш медонанд, ки бар Ватан хиёнат намоянд. Ин идда одамони пастфитрат ба хотири пули ҳаром гулу медаронанд, то садоқати хешро ба хоҷагони хориҷиашон исбот бикунанд. Як далели рӯшан ва муътамади суханони фавқ дар ин аст, ки дар рӯзи дуюми нишасти САҲА як ватанфурӯш бо номи Сулаймони Орзу ба дасти Айёмиддин Сатторов, собиқ узви пушаймоншудани ҳизби мамнӯи наҳзат, ки ҷониби Ҳукумати Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, навиштаҷотеро дода, хост дар ин ҳолат ӯро сурат бигирад. Аз гирумон ва афту андоми Сулаймони Орзу баръало маълум буд, ки ӯ танҳо як иҷрочӣ аст ва ҳатто намедонад, ки ин гуна аъмолро барои чӣ бояд анҷом диҳад. Сурати худи ӯ бозгӯи он аст, ки аз сиёсат бӯе набурдаю меҳри меҳан дар ҳастии ӯ заррае вуҷуд надошту надорад. Рӯи чашмони хунхори ӯро пардаи нафсу ҳирси моли дунё пӯшонидааст ва ҳеҷ ҷои тардиде нест, ки ба хотири долларҳои бедардимиён рӯзе аз падару модари хеш низ барои зода шудани ҷисми касифаш домангир мешавад.

Миёни мардум ҳикматест машҳур, ки «ҳақиқатро инкор кардан мушт бар санги хоро задан аст». Амиқтар дида андӯзем, бешак, ҳақиқат заволнопазир ва устувору тавоно бувад ва онро нодида гирифтану ба ин ҳикмати баҳснопазиру ҳазорҳо маротиба дар заминаи воқеаҳои таърихӣ собитшуда шубҳа кардан камоли аблаҳист. Тоҷикистони азизи мо, ки имрӯз рӯ ба тараққӣ овардаю марҳила ба марҳила тадриҷан пеш мераваду пайваста ободу зебо, тинҷу осоишта мешавад ва дар кулли ҷодаҳои зиндагӣ ба муваффақиятҳои беназир мушарраф мегардад, ба ҳамагон аён аст ва ҳатто шаҳрвандони бурунмарзӣ инро эътироф менамоянду ба миллати сарфарози мо таҳсин мегӯянд. Бунёдкориву созандагиҳоеро, ки абармардони халқи куҳанбунёди тоҷик, хосса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарозои 27 соли Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ намуданд, таърихи беш аз ҳазорсолаи ин миллати фархунда ёд надорад.

Тоҷикон аз азал миллати хайрхоҳу раҳмдил ва ҷавонмарду бахшоянда ҳастанд. Маҳз ҳамин хислати неки инсонӣ боис гардид, ки онҳое, ки солиёни зиёд зери парчами сулҳу субот ва амният дар фазои истиқлол ному намаки Тоҷикистонро хӯрданд, имрӯз дар паси харсангҳо пинҳон гашта, санги туҳмату бадномӣ сӯи Ватани хеш мепартоянд. Ин ба масал монанди он аст, ки халқи сулҳоину меҳрварзу инсонгарои тоҷик муддати ин қадар сол «дар остини хеш морбача мепарварида». Ҳоло ин морбачаҳо мори бузург шудаанду ба атрофиён заҳр мепошанд. Мебоист, ки ҳанӯз чандин сол қабл сари ин морбачаҳоро бо санги бузург зада хурд мекардем.

Миллати тоҷик дорои адабиёти бисёр ғанӣ мебошад, ки саропо панду ҳикмат аст, вале боз ҳам ҳамон раҳмдилию бошафқатӣ боис мегардад, ки дар баъзе лаҳазот андарзи бузургонро нодидаю ношунида меангорем. Вагарна ҳанӯз дар асри 13 устоди сухан Саъдии бузург дар «Гулистон» фармуда, ки «Душмане заиф, ки дар тоат ояд ва дӯстӣ намояд, мақсудаш ҷуз он нест, ки душмани қавӣ гардад.

Имрӯз бикуш чу метавон кушт,

К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт.

Магзор, ки зеҳ кунад камонро,

Душман, ки ба тир метавон дӯхт!»

Ва ҷои дигар гуфта, ки «Ба аҷзи душман раҳмат макун, ки агар қодир шавад, бар ту набахшояд!»

Мо бар онем, ки мудасаддиёни нишасти САҲА бояд террористону экстремистонро дигар ба ҷаласаҳо роҳ надиҳанд ва мақомоти додгоҳии Варшава онҳоро барои аъмоли ифротгароёнаашон маҳкум ба ҷазои сангин намоянд. Тавтеае, ки тундгароён дар саҳни бинои САҲА анҷом додан мехостанд, худ далели қотеъ ва раднопазири бадтинатию бадкешии онҳост.

Фурӯзонфари Холид

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj