• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

МАҲКУМ НАМУДАНИ ТЕРРОРИЗМ - ЗАМИНАИ АМНИЯТУ СУБОТ


Иттиҳоди Аврупо ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар муносибатҳои геополитикии ҷаҳон нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин, ҳар сол ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳии шаҳрвандон баргузор мегардад. Имсол ҷаласаи мазкур дар моҳи сентябр дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон гузаронида шуда, ҳайати расмии аксари кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд. Мутаассифона, ин дафъа низ намояндагони гурӯҳҳои мухолифин, махсусан, ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом, гурӯҳи 24 ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ дар ин ҷаласа ҳузур пайдо намуданд.

Бояд гуфт, ки дар муносибатҳои сиёсии ҷаҳони муосир яке аз мушкилотҳои асосӣ ин таҳдиду хатарҳои терроризми байналхалқӣ ва экстремизм (махсусан терроризми кибернетикӣ) ба амнияти миллии кишварҳои рӯ ба инкишоф ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ин таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, махсусан ҳизби наҳзати ислом ва дигар гурӯҳҳо эмин набуда, пуштибонии кишварҳои манфиатдори хориҷиро аз ин ҳизбу ҳаракатҳо маҳкум ва сиёсати дугонаи бархе кишварҳоро зери тозиёнаи танқид мегирад. Мо бар онем, ки пуштибонӣ накардани кишварҳои қудратманд аз фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва хотима додан ба сиёсати духӯраи худ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои геополитикияшон заминаи муносиберо барои амнияту суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар пай дорад.

Амиров Толиб,

ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj