• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

САҲА – ПУШТИБОНИ ТЕРРОРИЗМ?


Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ки зоҳиран худро пуштибон ва таъминкунандаи волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон нишон медиҳад, дар асл дифоъкунанда аз гурӯҳҳои махсуси экстремистию террористие мебошад, ки бо ҷурми хиёнат ба ватан ва содир кардани амалҳои террористӣ дар кишварҳои гуногун ё маҳкум шудаанд ва ё дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ду соли охир мо шоҳиди пуштибонии ин созмон аз аъзои фаъоли гурӯҳи террористии наҳзати исломӣ шуда истодаем, ки дар рафти ҷаласаҳои ҳамасолаи худ доир ба арзёбии вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи давлатҳои аъзои ин созмон онҳо низ дар баробари ҳайатҳои расмии давлатҳо на танҳо дар ин ҷаласаҳо иҷозаи иштирок мегиранд, балки ба онҳо дар як сатҳ бо намояндагони расмии давлатҳо имконияти суханронӣ кардан дода мешавад. Ҳол он ки аъзои гурӯҳи террористии наҳзати исломӣ бо ҷурми содир кардани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон бо ҳукми суд бояд адои ҷазо намоянд.

Ба ҳама маълум аст, ки дилхоҳ амали террористӣ равона гардидааст барои поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон, махсусан маҳрум кардани инсонҳо аз ҳуқуқ ба зиндагӣ. Аммо ин созмон пайи чӣ талош дорад? Таъмини волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ё мусоидат намудан дар рушди терроризм ва дар ин замина маҳрум кардани инсонҳо аз ҳаёт? Албатта, ба ҳама равшану возеҳ маълум аст, ки САҲА чӣ ҳадафу мақсадҳои стратегиеро амалӣ кардан мехоҳад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ мо бояд дар симои ин созмон ҳимоягар ва таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро набинем. Имрӯз рушди демократия, волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии баён, дастгирии башардӯстона барои ин гуна созмонҳо ва давлатҳои манфиатдори онҳо як восита ва баҳона барои амалӣ кардани ҳадафу мақсадҳои пасипардагияшон мебошад.

 

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамаҷониба дар давлат таъмин бошад. Асоси таъмини волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, махсусан ҳуқуқҳои сиёсӣ аз пойдории сулҳу амният дар давлат вобаста аст. Агар сулҳу ваҳдат дар ҷомеа таъмин бошад, дар ин замина волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин мегардад. Дар ин замина бо талошҳои ҳамешагии роҳбарияти давлат сулҳу амният дар Тоҷикистон пурра таъмин аст. Аммо хоинони Ватан, ки САҲА аз онҳо пуштибонӣ намуда истодааст, талоши аввалиндараҷаашон маҳз ба он равона гаардидааст, ки сулҳу ваҳдатро дар кишвар аз байн баранд ва давлатро ба майдони ҷанг ва бархӯрди манфиатҳои давлатҳо ва созмонҳои манфиатдор табдил диҳанд. Яъне САҲА имрӯз ба созмоне мубадал гардидааст, ки бо ҳар роҳу восита, махсусан бо пуштибонӣ аз террористон мехоҳад ҳадафҳои сиёсии худро дар дохили давлати мо амалӣ созад. Агар не, пас пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ чӣ маъно дорад?

Бо назардошти ин, мо бояд ҳушёру зирак бошем ва дар симои ҳар созмону давлатҳои алоҳидаи манфиатпарасту манфиатхоҳ дӯсту шарики худро набинем ва фирефтаи тарѓиботҳои бардӯруѓи онҳо нагардем.

Саидмуроди Аъзам

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj