• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ ба муносибати ёдбуди сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва таҷлил аз Рӯзи Рӯдакӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳусни сухани Рӯдакӣ” доир гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Раёсати донишгоҳ ва устодону омӯзгорони факултети филологияи тоҷик ширкат варзиданд.

 

Дар ифтитоҳи мизи мудаввар Н. Убайдуллоев, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни хуҷаста табрик гуфта, қайд намуд, ки шурӯъ аз соли 2012 тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр дар мамлакат ҳамасола ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Шеър ва шахсияти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтихори мо, форсизабонони дунё, буда, мактаби шоирии ин абармарди шеъру сухан пас аз гузашти беш аз ҳазор сол то ҳанӯз побарҷост. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ва омӯзиши осори гаронбаҳои ӯ дар ташаккули худшиносии халқи тоҷик, болоравии ифтихори миллию ватандӯстии насли ҷавон ва тарғиби одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аҳамияти муҳим дорад.

 

Ҳамзамон дар мизи мудаввар устодони донишгоҳ профессор Ш. Исрофилниё дар мавзӯи “Ҳусни шеъри Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ”, доктори илмҳои филологӣ В. Элбоев дар мавзӯи “Масъалаҳои нобиноии Рӯдакӣ” ва номзади илмҳои филологӣ Б. Шарифзода оид ба шарҳи 5 байти Рӯдакӣ гузориш намуданд.

Сипас шогирдони факултети филологияи тоҷик аз ашъори зебову дилошӯби устод Рӯдакӣ намунаҳо қироат карда, оид ба масъалаҳои гуногуни рӯзгору осори шоир бо устодон саволу ҷавоб намуданд. Чорабинии мазкур бо овозхонии аъзои ансамбли фарҳангии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ аз сурудаҳои устод Рӯдакӣ ҳусни анҷом пазируфт.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj