• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК


Санаи 28-уми сентябри соли равон дар факултети филологияи тоҷик маҳфили адабӣ бахшида ба рӯзи шоир ва орифи бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон таҳти унвони “Мавлоно – шоир ва орифи бузург” доир гардид.

Сараввал  номзади илмҳои филология, профессор Вафо Элбоев маҳфилро бо мисраъҳои зебое аз эҷодиёти ин шоири нотакрор ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамару ибратбахши ин алломаи давр суҳбат орост. Сипас дар идомаи маҳфил тариқи тахтаи электронӣ аз ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумоти муфид пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз зумраи он шоироне мебошад, ки аз худ мероси бою пурғановат боқӣ гузошта, дар тарбияи дурусти инсоният хидмати арзандае дорад, - афзуд доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифмурод Исрофилниё.

Дар ҷамъбасти маҳфил донишҷӯёни соли чоруми факултети мазкур аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида сохтанд.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj