• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ДИКТАНТ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

 

Имрӯз, 5-уми октябри соли 2018, дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ донишҷӯён ва устодони факултет ва кафедраҳо ба навиштани диктанти умумӣ ҷалб карда шуданд. Мавзӯъҳои диктант аз матнҳои бадеии классикони гузаштаи тоҷик, осори адибони муосир ва суханрониҳои Пешвои миллат баргузида шуда, навиштани диктант ба таври муташаккилона соати 0900 оғоз ёфт.

 

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чунин чорабинӣ гиромӣ доштани забони миллии тоҷикӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои асосии шинохти миллат ва тарвиҷу ташвиқи саводомӯзӣ дониста мешавад. Бояд зикр кард, ки дар Рӯзи забони давлатӣ ташкил намудани чунин чорабинии омӯзишӣ дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, донишҷӯён ва устодоне, ки диктанти беҳтарин менависанд, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj