• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ

Пешаи омӯзгорӣ аз азал афзали ҳамаи касбу ҳунарҳо буда, омӯзгор бо маърифатофаринӣ ва равшангарии донишу раҳнамоии мардум дар роҳи даст овардани бахту саодати инсоният ва рифоҳу саодати ҷамъият саҳми бузург дорад.

Ба истиқболи Рӯзи омӯзгор санаи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён ва намояндагон аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Чорабиниро ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ бо суханҳои табрикотӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба мақому ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа ва рисолати касби омӯзгорӣ андешаҳои худро иброз намуд ва ҳайъати профессорону омӯзгоронро ба муносибати иди касбияшон таҳният гуфт. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати кишвар соҳаи маориф ва таваҷҷуҳ ба мактабу омӯзгор афзалиятнок дониста мешавад. Ба ифтихори Рӯзи омӯзгор чанде аз профессорону омӯзгорони муассиса бо ифтихорномаҳои таъсиснамудаи донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ барномаи ҷолибу диданӣ пешниҳод намуда, табъи ҳозиринро бо иҷрои суруду таронаҳои дилнишин болида гардонид.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj