• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ВОКУНИШИ ИҒВОАНГЕЗОН

Имрӯзҳо аз сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Бадахшони ҷумҳурӣ як моҳ сипарӣ мегардад. Дар ин сафар Президенти мамлакат аз дастовардҳо ва камбудиҳои дар ин минтақа ҷойдошта аз наздик ошно гардида, стратегияи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баррасии оммаи васеи сокинон қарор доданд. Яке аз омилҳои ташвишовар дар вилоят, пеш аз ҳама, ин баланд будани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошад. Чунин гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо истифода аз силоҳи оташфишон ба раванди ҳаёти осоиштаи мардум ва амнияти шаҳрвандон халал ворид намуда, волоияти қонунро зери по менамоянд.

 

Дар сомонаи «Паём нет» 13-уми октябри соли 2018 аз ҷониби Алим Шерзамонов, муовини роҳбари эътилофи ба ном «Паймони миллӣ», якчанд вокунишҳои иғвоангези навбатӣ ба табъ расидааст. Аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳар як инсони соҳибақл маълум аст, ки силоҳ дар дасти афроди ҷиноятпеша ба чӣ оварда мерасонад. Ҳадафи давлату ҳукумат гирифтани роҳи хунрезӣ ва ҷинояткорӣ мебошад. Халъи силоҳ намудани ҷинояткорон ягона роҳи раҳоӣ дар он рӯзҳои мудҳиш буд ва хоҳад монд. Алим Шерзамонов қайд мекунад, ки расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии «Радиои озодӣ», «Ховар», «Ҳамсинф» ва ғайраҳо хабарҳои бардурӯғ пахш мекунанд. Он гурӯҳҳои ҷиноятпешаи бо яроқ ва бо маводи мухаддир аз ҷониби Афғонистон гузаштаву дастгиршударо дурӯғ эълон мекунад. Аз андешаҳои ӯ бармеояд, ки дар Бадахшон бояд гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ҳукмфармо бошанду мардуми ин минтақа бо тарсу ҳарос зиндагӣ кунанд. Мардуми бонанги Бадахшон хуб медонанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як идда ҷиноятпешагон вазъиятро то кадом дараҷа  муташанниҷ намуда буданд. Бадахшон як ҷузъи ҷудонашавандаи кишвари азизи мо буда, фарзандони барӯмандаш дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сарбаландона кор ва фаъолият доранд.
Бояд бигӯем, ки Алим Шерзамонов худ дар гузашта узви ҳизби коммунистӣ буда, баъдан аъзои ҳизби сотсиал-демократ гардид. Дар ин ҳизб худро ҷонишини роҳбар эълон карда буд, ки аз тарафи роҳбарияти ин ҳизб инкор карда шуд. Имрӯз бошад боз худро муовини кадом як ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон карда истодааст. Ӯ  худ ягон мавқеи аниқу дақиқ надорад. Дар шаҳри Варшава ҳамеша дар паҳлӯи М.Кабирӣ буд. Шерзамонов ва дигар афроди ба мисли ӯ аз ҷониби хоҷагони хориҷиаш маблағгузорӣ мешаванд, мехоҳанд дар мамлакати тинҷу ором ва амни Тоҷикистон фитна ва иғвоҳо ангезанд. Аммо ӯ хатои бузург мекунад. Ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз афкору ақидаҳои устувор дорад ва ба иғвоҳои кабириҳо ва шерзамоновҳо дода нахоҳад шуд. Ӯ дар мусоҳибааш бо «Паём нет» чоплусона собиқ ҳизби наҳзати исломро сафед карданӣ мешавад. Ҳол он ки он чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён надорад.
Ҳамчунин хабарнигори иғвоангези «Паём нет» дар мусоҳиба чунин тааҷҷуб мекунад, ки агар саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ силоҳҳояшонро насупоранд, чӣ хоҳад шуд? Чӣ ҳам мешуд? Албатта, мо аминем, ки мақомоти қудратии давлатӣ ва ҳукумат, бо ҳар роҳе набошад, силоҳро аз дасти ҷиноятпешагон мегиранд, аммо мусолиҳа ва гузашт ин беҳтарин кор аст. Ҳар як оила ва хонадони бадахшонӣ хостгори сулҳу амонӣ дар кишвар мебошанд ва бояд ҳар як сардори оила ба фарзандони худ, махсусан, ҷавонон дуруст фаҳмонда тавонад, ки кадом роҳ рост асту кадом роҳ хатост.
Ашхосе, ки дастовардҳои дар давраи Истиқлолият бадастовардаи тоҷикистониёнро нодида мегиранд, кӯр хоҳанд шуд. Ба ин дастовардҳои мо ҳатто кишварҳои ҳамсоя ба ҳавас менигаранду аҳсант мегӯянд. Ва фақат нотавонбинон ба ин комёбиҳо бо назари танги муғризона нигоҳ карда, мехоҳанд ҷомеаи амну босуботи моро ба ҷангу хун кашанд, аммо як чизро бояд дар хотир дошт, ки тафриқаандозон хоҳу нохоҳ бар ивази кирдори худ ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.

 

Устодони кафедраҳои
фалсафа ва сиёсатшиносии
ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj