• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

ФАРҲАНГИ КИТОБДОРӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

 

Имрӯз, 24-уми октябри соли 2018, дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конфронси илмӣ таҳти унвони “Фарҳанги китобдорӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ” баргузор гардид. Дар конфронс устодону кормандони донишгоҳ, меҳмонон аз Китобхонаи миллӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Чорабинии илмиро муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Н. Убайдуллоев ифтитоҳ намуда, оид ба таърихи рушди китобдорӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихи тоҷикон ва тавсеаи фарҳанги мутолиаи китоб дар донишгоҳ ибрози назар намуд.

Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки айни замон шумораи хонандагони китобхонаи донишгоҳ беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва дар шароити рушди технологияҳои информатсионию коммуникатсионӣ ва торафт васеъ гардидани миқёси ҷомеаи иттилоотӣ бояд ба истифодаи муносиб аз адабиёти чопӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Сипас Гулхумор Саидова, мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ, С. Раҷабова, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Н. Тошев, муовини директори китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар устодону меҳмонон атрофи масоили гуногуни китобу китобдорӣ маърӯза ва табодули афкор намуданд.  Дар чорабинии илмӣ ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯён порчаҳои шеърӣ қироат гардида, китобҳои тозанашри донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд.

 

 


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj