• Tajik
  • Russian
  • English
Эълон
There are no translations available.

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 130-СОЛАГИИ ШӮРИШИ ВОСЕЪ


Дар таърихи 8-уми декабри соли 2018 бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва садорати факултети таърих бахшида ба 130-солагии шӯриши Восеъ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Шӯриши Восеъ: ҷунбиши бузурги мардумии зидди истибдоди амирӣ» баргузор мегардад.

Дар конференсия масоили зер мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

-Бухорои Шарќӣ дар охири асри XIX;
-заминаҳои таърихии шӯриши Восеъ;
-рафти шӯриш;
- ҳудуди паҳншавии шӯриш;
-Восеъ - шахсияти таърихӣ;
-анҷом ва сабабҳои шикасти шӯриш;
-инъикоси шӯриши Восеъ дар асарҳои таърихӣ;
-аҳамияти таърихии шӯриш;
-инъикоси шӯриш дар асарҳои бадеӣ.

Муҳлат барои пешниҳоди ному насаб ва унвони маърӯза то 1-уми ноябри соли 2018 муқаррар карда шуда, матни фишурдаи маърӯзаҳо дар ҳаҷми то 10 саҳифаи компютерӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ то 20-уми ноябри соли 2018 қабул карда мешаванд.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ.

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, факултети таърих
Телефонҳо: 224-16-46, 93-451-55-60

Кумитаи тадорукот

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj