• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ДАСТОВАРДҲОИ ВМКБ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии хешро ҷашн гирифтанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки зинаҳои созандагӣ дар ин муддат асосан бо талошҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати халқи заҳматкашу вафодори кишвар таҳти роҳбарии сарвари раҳнамои хеш роҳандозӣ шудаанд. Аммо мутаассифона, бархе аз қувваҳои бадхоҳу бегонапараст, ки дар хориҷ аз кишвар нишастаанд, бо ҳар восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин пешравиро нодида гиранд. Аён аст, ки чунин назар аз мафиатҷӯиҳои ғаразноку зиддимиллии онҳо маншаъ мегирад.

 

Ҳамаи ин пешравиҳои назаррас, ки халқи тоҷик бо роҳбарии фарзанди фарзонаи худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, метавонем бархе аз онҳоро дар мисоли ВМКБ нишон диҳем. Зарур аст қайд намем, ки бузургтарин хизматҳои Пешвои миллат бе ягон баҳс ин аз нестӣ раҳондани давлатдорию давлати миллӣ ва аз парокандашавӣ наҷот додани миллати тоҷик мебошанд. Аз ин бармеояд, ки рӯзгори сокинони вилояти Бадахшон низ дар ҳама гуна ҳолатҳои мураккаби сиёсӣ ва мусоид дар мадди назари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошту дорад ва имрӯз низ ташаббуси қариб тамоми чорабиниҳои барои рушди вилоят зарурӣ аз тарафи Сарвари кишвар тарҳрезию иҷроиши амалии худро мебинанд.

Пеш аз ҳама бояд иброз дорем, ки ба ҳамагон маълум аст, ки вилоят дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба мушкилоти зиёде, аз қабили ҳамлу нақли молҳои ниёзи мардум рӯ ба рӯ буда, дар як сол расо шаш моҳ дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт. Фақат дар шароити мусоиди тобистону тирамоҳ молу маводи зарурии ғизоию ба талаботи хоҷагидорӣ ҷавобгӯро ба вилоят кашонда, дар муддати ним сол (ноябр – май) бо марказ ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ роҳи заминии он пурра баста мешуд. Бо ташаббуси бевоситаи сарвари давлат ин мушкил дар даврони соҳибистиқлолӣ рафъ шуда, роҳи Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум сохта ба истифода дода шуд, ки Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил дода, мушкилии сокинони вилоятро ҳазорҳо маротиба осон намуд. Албатта, имрӯзҳо таъсири мусбати роҳи мазкур дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми шарифи ВМКБ мушоҳида мегардад.

Ҳар яке аз ташрифҳои Сарвари давлат ба Кӯҳистони Бадахшон хусусиятҳои хоси созандагии худро доро буда, дар таърихи он чун воқеаи фаромӯшнашаванда нақш бастаанд. Сафари нахустини Пешвои миллат ба вилоят соли 1993 дар шароити ниҳоят мураккаби авҷи даргириҳои сиёсӣ ҷараён гирифта буд.

Чунин сафару ташрифҳои Президенти мамлакат ба қаламрави ВМКБ зиёда аз 40 маротиба анҷом дода шудаанд (ёдовар мешавем, ки дар тӯли 70 соли Шӯравӣ дар умум роҳбарони ҷумҳурӣ 3-4 маротиба ба минтақа ташриф овардаанду халос), ки ҳар яке аз онҳо барои рушди вилоят нафақат аз лиҳози санҷишу супоришҳо, қабули қарорҳои расмии рӯзмарра, инчунин аз диди рушди иҷтимоию иқтисодӣ аҳамияти хоса доштанд. Ба таври мисол, дар сафари охирони худ, ки сентябри соли 2018 сурат гирифт, Пешвои миллат масъалаи вазъи тандурустӣ ва масъалаи вазъи таъминоти мутахассисони тиббиро дар вилоят баррасӣ намуда, барои омода намудани табибони дорои дараҷаи маълумоти олӣ дар макотиби олии ҷумҳурӣ барои вилоят 70 квотаи Президентиро ҷудо намуд, ки ин аз ғамхории бевоситаи Сарвари мамлакат дар самти ҳифзи сиҳат ва беҳдошти сокинони вилоят дарак медиҳад.

Пешвои миллат масъалаи рушди мактабу маорифи вилоятро низ доимо зери  назари ҷиддӣ қарор дода, дар минтақа чандин мактабҳои замонавӣ, литсею гимназияҳо сохта шуданд ва тамоми макотиби миёнаи минтақа бо технологияҳои муосир, аз қабили компютерҳо таъмин карда шудаанд. Рӯйдоди навбатие, ки ба вуқӯъ омад, ин бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2018 ба фаъолият оғоз намудани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар таърихи маорифи ҷумҳурӣ ва хусусан вилоят саҳифаи ҷадидеро боз намуд.

Дар даврони истиқлолият дар миқёси вилоят аз ҳисоби ба кор даровардани корхонаҳои тавлидотӣ, заминҳои бекорхобида, бунёди боғҳои нав ва рушди соҳибкории инфиродию дастаҷамъӣ ҳазорон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд. Сентябри соли 2018 ҳини ташрифи навбатии Пешвои миллат ба ВМКБ нахустин корхонаи калони саноатӣ, ки ба истихроҷ ва коркарди нуқра машғул аст, ба фаъолият сар кард. Бо истифода додани он метавон гуфт, ки ба таври ҷиддӣ ба саноаткунонии калони хоҷагии халқи вилоят оғоз бахшида шуд.

Маҳз дар давраи истиқлолият ВМКБ бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза пурра таъмин карда шуд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки яке аз барномаҳои стратегӣ, яъне ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бори нахуст шуда дар ВМКБ амалӣ гардид. Чанд сол шуд, ки сокинони вилоят пурра бо неруи барқ таъмин мебошанд. Ҳамагон шоҳиди ҳоланд, ки моҳи сентябри соли 2018 боз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як НБО дар ноҳияи Мурғоб азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифт, ки хонаҳои сокинонро бо неруи барқи арзон таъмин менамояд.

Ҳамаи ин далелҳои дар боло ишора гашта ва боз садҳо нишониҳандаи дигар аз рушди пурсамари иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ВМКБ дарак медиҳанд.

Имрӯзҳо боз ҳам барои рушди ояндаи вилоят ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим дорад, ки роҳҳои қаламрави вилоятро пурра ба дараҷаи талаботи стандарти байналмилалӣ расонад, истихроҷ ва коркарди саноатии сарватҳои табииро ба таври васеъ ба роҳ монда, дар сатҳи саноатӣ ба роҳ мондани рушди сайёҳӣ, кӯҳнавардӣ ба назар гирифта шудаанд, ки аллакай амалишавии онҳо бо суръат идома дорад.

Ҳамин тариқ, дар давраи соҳибистиқлолии Ватани азизамон ВМКБ низ рушди фарҳангию иқтисодии худро ба даст овардааст, ки дар ин самт пеш аз ҳама дастгирию ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат ниҳоят калон мебошанд.

Ниёзбек Давлатбеков, дотсент,
Ғозибек Гадоев, Давлатшо Негматов, Рамзия Бадавлатова,
муаллимони калони факултети таърихи
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj