• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТЕРРОРИЗМ ҲЕЧ НИСБАТЕ БО ҶОМЕАИ СОЛИМ НАДОРАД

Терроризм ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ таърихи қадима дорад. Решаҳои он аз ибтидои таърихи ташаккули инсоният маншаъ мегиранд. Аввалин бор оид ба терроризм дар асри I то мелод аз амалиёти террористии гурӯҳи сиёсии яҳудиён – «зелотҳо» ёдовар мешаванд. Террор - истилоҳи лотинӣ буда, калимаҳои ваҳмангези тарсу ҳарос, даҳшат, куштор ва воҳимаро ифода менамояд. Маънои васеъи истилоҳи «террор» - зӯроварии ҷисмонӣ то ба дараҷаи ҷисман маҳв сохтани ҳарифону душманони сиёсии худ мебошад. Террорист дар навбати худ тарафдор, иштирокчӣ ва иҷрокунандаи амалиёти террористӣ мебошад.

Ба қавли худи тарафдорони ҷараёни ифротӣ «терроризм» ин яроқи шахсони заиф мебошад, яъне яроқи онҳоест, ки ба мақсадҳои худ ба таври қонунӣ расида наметавонанд. Аъзои гурӯҳҳои террористӣ аз ҷиҳати баромад ба табақаҳои гуногуни ҷамъият мансуб буда, ҷиҳати мафкуравии ноустувор ва сатҳи пасти дониш доранд. Инчунин сабабу омилҳое ҳастанд, ки барои иҷрои амалиётҳои террористӣ ба онҳо мусоидат менамоянд. Тадқиқотҳои муқоисавии равонии террористӣ нишон медиҳад, ки мафҳуми ягонаи «террористӣ» вуҷуд надорад ва террористро ҳамчун шахси бартаридошта маънидод намудан нодуруст аст. Чунки дар байни онҳо «ормондорон», «нобоварон», «қасосгирон», «қотилон», «тақлидкорон» (аз байни ҷавонон) ва дигар шахсони ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалбшудае мебошанд, ки онҳоро барои амалиётҳои террористӣ махсус омода месозанд.
Хислатҳои хоси ҷинояткорӣ ба амалиёти террористӣ даст дошта, ин бераҳмӣ, моҷароҷӯӣ, бо ҳар тарзу услуб аз худ дарак додан, муддати кӯтоҳ бошад ҳам, аз болои дигарон ҳукмрон будан мебошад. Халабони урдуниро зинда даруни панҷара оташ задани ҷинояткорони бераҳм гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ин бармеояд, ки террорист доим дар ҳолати омодабоши муҳофизат аз худ ва ба ҳиссиёти дигарон бе фарқ будан аст.
Тадқиқоти вазъи иљтимоии террористон нишон медиҳад, ки 25%-и онҳо то синни 14-солагӣ волидайнро аз даст додаанд. Сеякашон бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, қисми зиёди онҳо аз ҷодаи таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ё ҳаёти шахсӣ ноком гаштаанд.
Барои ҷавонон, ки қисмати асосии аъзои гурӯҳи террористиро ташкил медиҳанд, фаъолияти террористӣ масъулияти ҷалбкунанда ва боварӣ ба худ, ҳисси шахси лозима будан ва аз болои бегонагиву танҳоӣ ғолиб омадан мебошад.
Ҳамин тариқ, буҳрони даруна ба ҳаммаслаке, ки мисли ӯ аз ҷамъият зарар дидаю норозист, ба нафрат мубаддал гашта, ба самти муқобил равона мешавад.
Чунин ашхос аз ҳаёт норозӣ буда, ба қадру қимати хеш намерасанд ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ инкишоф наёфтаанд. Барои ҳамин ҳам яке аз хислатҳои умумии террористон ниёз ба гурӯҳҳо доштан мебошад.
Яке аз ҷойҳои намоёнро дар фаъолияти террористӣ ин манфиатҳои тамаъкоронаи молии онҳо ишғол менамояд, ки бо ҳадафҳои сиёсӣ рӯйпӯш мешаванд. Ҳадафҳои асосии амалиётҳои террористӣ ҳамеша дар вақташ ошкор намешаванд, чунки сарчашмаҳои ахборотдиҳӣ моҳияти чунин ҳаракатҳои ҷиноятиро пинҳон медоранд. Аъзои одии гурӯҳҳои ҷиноӣ зери таъсири роҳбар ва идеологҳои боқувват то охир сабабҳои ташкили гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, манбаи даромад, мақсадҳои ниҳоии фаъолияти онҳоро дарк карда наметавонанд.
Чӣ хеле ки мебинем, на мазмуну мундариҷа, на ҳадафу иқдомҳо ва на ҳайати иштирокчиён ва роҳбарону муассисони ҳаракатҳои ифротгаро ҳељ гоҳ ва дар ҳељ давру замон ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеаи инсонӣ набуданд ва нахоҳад монд.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки террорист нафарест, ки на ватан ва на миллат дорад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш нисбати онҳо таъкид менамояд.

 



Саидов Низомиддин,
Шарипов Аминҷон,
омӯзгорони кафедраи психологияи умумӣ

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj