• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҶОМЕА БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

 

Санаи 1-уми ноябри соли равон дар толори калони бинои асосии донишгоҳ вохӯрии намояндагони  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор шуд, ки дар он Азимова М. – сардори шуъбаи ташкилии кумита, Усмонова Н. – мутахассиси пешбари кумита ва Ятимова Ш. – собиқадори меҳнат ширкат намуданд.

 

Чорабинии мазкурро Мусоҳонова Ҷ. – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории вохӯриро тавзеҳ дод. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, масъалаҳои сарфаю сариштакорӣ дар рӯзгор ва наҳши оила дар рушди шахсият матраҳ ва баррасӣ гардиданд. Дар поёни чорабинӣ суҳбати озоду самимӣ миёни донишҷӯёну меҳмонон барзузор шуд.


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj