• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тарбия

ЗЕБОӢ ВА ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ

Ҳусейнов Тоҳирҷон Зафарович маъюби гурӯҳи дуюм буда, айни замон донишҷӯи соли 2-юми факултети биология, ихтисоси биология мебошад. Номбурда дар мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст ва бо ҷоизаю туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шудааст. Аз соли 2016 аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Дурахшон» гардида ва дар амалӣ гардонидани орзуҳои шахсони дорои имконияти маҳдуд саҳми назаррас гузоштааст. Худи ҳамон сол дар Фестивали ҷумҳуриявии маъюбон, ки бахшида ба рўзи «Байналмилалии маъюбон» санаи 3-юми декабр дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Каритас Олмон» ҷашн гирифта шуд, сазовори номи баланди «Дизайнер» шуда, бо туҳфаи хотирмон – ноутбук қадрдонӣ шудааст.

Моҳи феврали соли 2017 узви дастаи яккачини олимпии шаҳри Ваҳдат аз рӯйи намудҳои мухталифи варзиш гардида, дар ду соли фаъолият ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гаштааст. Дар мусобиқаи кушоди шаҳри Ваҳдат дар соли 2017 байни варзишгарони имконияташон маҳдуд оид ба вазнбардорӣ иштирок ва дар вазни 80 кг сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медалу ифтихорнома ва туҳфа қардонӣ шудааст. Худи ҳамон сол дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ ва дастхобонӣ иштирок карда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст.
Соли 2018 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд оид ба вазнбардорӣ ва дастхобонӣ бахшида ба «Рўзи варзишгарон» иштирок намуда, дар вазни 86 кг сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқраи мусобиқаи мазкур шудааст. Моҳи октябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе дар вазни 80 кг  аз рӯйи намудҳои вазнбардорӣ ва дастхобонӣ ҷойи сеюмро касб намудааст. Аъзои дастаи олимпии шаҳри Ваҳдат мебошад.
Муаррифӣ ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ орзую ҳадафи Тоҳирҷон Ҳусейнов мебошад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj