• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАИ ДОНИШГОҲИИ ДОНИШҶӮЁН

Раёсати илм ва инноватсия ҳамасола нақшаи баргузории олимпиадаи дохилиро дар асоси «Низомномаи олимпиадаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ»  тартиб дода, ба факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дастрас менамояд. Дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дастаҳои олимпӣ бо роҳбарии устодони ботаҷриба ташкил карда шуда, фаъолият мекунанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия олимпиадаи донишгоҳии донишҷӯён дар соли таҳсили 2018-2019 аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои дар донишгоҳ амалкунанда дар се давр аз 02.11.2018 то 26.04.2019 гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории олимпиадаи  донишгоҳӣ  дар донишгоҳ ин баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, инчунин дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм мебошад.

Дар асоси ҷадвали баргузории олимпиада рӯзи 02.11.2018 дар факултети физика олимпиада тибқи талаботи тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия доир ба гузаронидани олимпиадаи донишгоҳӣ тариқи саволномаҳои хаттии пешниҳодгардида бо иштироки 28 нафар донишҷӯ ва комиссияи дахлдор бо роҳбарии декани факултет Ш.Раҳмонов баргузор гардид. Дар олимпиада ғайр аз донишҷӯёни фаъоли факултет инчунин  3 нафар донишҷӯёни туркманзабон бо шавқи баланд иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки олимпиадаи донишгоҳии донишҷӯён дар донишгоҳ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, омӯзгорон ва донишҷӯён ҷиҳати дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва сазовори ҷойҳои намоён шудан дар даври ниҳоии олимпиадаи фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хуб дида истодаанд.

 


Сармутахассиси раёсати илм ва
инноватсия доир ба маҳфилҳо
ва гурӯҳҳои олимпӣ Ҳамидов Б.А.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj