• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

КОНСТИТУТСИЯ ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи рушд ва нумӯи давлатдории миллӣ ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, қарору қонунҳои амалкунандаи ҷомеа мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба он ки маншаи аввалини худро аз Эъломияи Куруши Кабир, ки масъалаи меҳвариашро эҳтироми инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, риояи рукнҳои адолат ва меъёрҳои адолати иҷтимоӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташкил медод, гирифта, вале мазмуну муҳтавои бобҳо, моддаҳо ва зербандҳои он фарогири тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиямон мебошанд.

Масъалаҳои меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мафҳумҳои инсон, шаҳрванд ва халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди он, ҳимояи боигариҳои табиии кишвар ва сохтори идоракунии давлатӣ ташкил дода, дигар масоили дарҷёфта ифодакунандаи ин нуктаҳои меҳварӣ мебошанд.

Конститутсия кишвари моро дар арсаи авҷи нооромиҳои даҳаи охири асри XX ва оѓози садаи бархурди тамаддунҳо, ѓасб ва ба ҷангу низоъҳои дохилӣ кашидани кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҷониби давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ барои ҳамчун як давлати воҳиду ягона шинохта шудан заминагузорӣ намуда, шакли идораи ҷумҳуриро ҳамчун шакли идораи президентӣ муайян кард.

Мазмун ва муҳтавои бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ба меъёрҳои ҳуқуқи аҳли башар мувофиқат мекунанд, ки маҳз ин тамоюлгирӣ ҳамчун намунаи беҳтарин эътироф шудани онро аз ҷониби саршиносони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо пайдо кард.

Ҳамзамон Конститутсия аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки он дастоварди мукаммали даврони соҳибихтиёрии кишвар, сарчашмаи ҳуқуқии бунёди давлати тозатаъсиси миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъминкунандаи истиқлолият, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад.

Конститутсия дар худ маҷмӯи арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи шаҳрвандиро инъикос дошта, кафили ҳифзи эътимоднокии онҳо, шукуфоии кишвар дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ мебошад. Он дурнамои рушди Тоҷикистонро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани мавҷи нооромиҳову низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар ва муваффақ шудан ба Ваҳдати миллӣ нақши беназир гузошт.

Аз лиҳози маънӣ Ваҳдат иттиҳод, ҳамдилӣ, ҳамзабонии миёни аҳолии ҷомеаи башарӣ, таъмингари сулҳу субот ва амнияти сайёра, гарави пирӯзии адолат, пешрафт ва тараққиёт аст.  Модели сулҳофарӣ ва дастёбии тоҷикон ба Ваҳдат омили муттаҳидсозии миллат барои ҳалли муноқиша ва низоъҳои мазҳабию миллӣ ва дохилии кишварҳои сайёра сабақи беназир дод.

Аз ин нуқтаи назар Конститутсия ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, ба хусус, фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишваррро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, қарору қонунҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.

Ташаккул ёфтани ақлу зеҳнияти инсонӣ, кашфи асрори ниҳони табиату ҷомеа, муваффақ шудан ба дастовардҳои беназир ва талаботи инсон дар саҳнаи гуфтугӯи тамаддунҳо ба таѓйирёбии ҷомеа низ шароити мусоид фароҳам овард. Таѓйирёбии муназзами иҷтимоӣ боис гардид, ки қонунҳо низ таѓйир ёфта, ҷойи онҳоро қонунҳои нави ба талаботи ҷомеа дархӯр иваз намоянд. Азбаски Конститутсия ҳамчун қонуни асосии кишвар ҳамрадифи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа гом мегузорад, бинобар ин ба ин санади тақдирсоз низ бо назардошти манфиатҳои давлату ҷомеа зарурияти ворид кардани таѓйироту иловаҳо пеш омад. Зеро Конститутсия мустаҳкамкунанда, муайянкунандаи мақом ва манзалати инсон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар ҳудуди давлат, таҳким ва устувории ҳокимияти давлатӣ, ба вижа, ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва суд маҳсуб ёфта, таҳкиму сулҳу суботи ҷомеаро таъмин менамояд.

Мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи Конститутсия муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа, дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ буда, бо ин назардошт аҳоли кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеа, пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта ва расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят менамояд.

Бобоҷон Самиев,

доктори илмҳои фалсафа, профессор

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj