• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устувор намудани институтҳои таърихии давлатдории тоҷикон

 

Таҷлил аз солгарди 24-уми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи худшиносӣ ва ифтихор маҳсуб ёфта, рӯзи қабули он барои мо маънои лаҳзаи тақдири хешро бо дасти худ гирифтан, дарк намудани масъулияти давлатдории миллиро дорад, моро ба эҳё ва мавриди амал қарор додани падида ва ниҳодҳои давлатдории куҳанбунёди ориёӣ раҳнамун месозад.

 

Дар зарфи 24 соли гузашта оид ба ҷанбаҳои гуногуни Конститутсия, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ таҳқиқоти зиёд анҷом дода шудаанд. Вале ба андешаи мо, мавзӯи муҳими дигар - то кадом андоза падида ва ниҳодҳои давлатдории миллии мо дар Конститутсия инъикоси худро ёфтааст, чӣ гуна ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва андешаю амалияи давлатдории миллии тоҷик инъикос гардидаанд, таҳқиқи бештар мехоҳанд. Азбаски дар дебочаи (преамбулаи) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будани халқи тоҷик, масъулият доштани худ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, таъмини соҳибихтиёрии давлатӣ ва рушду камоли он таъкид шудааст, пас, гузориши чунин як мақсад, ки то кадом андоза падида ва ниҳодҳои миллии давлатдории тоҷикон дар Конститутсия ҷойи худро ёфтааст, ба мақсад мувофиқ менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноябри соли 1994 қабул гардида, се маротиба 26 сентябри 1999 (ба 24 модда), 22 июни 2003 (ба 54 модда) ва 22 майи 2016 (ба 41 модда) ба он тағйирот дохил гардид. Имрӯз мо мебинем, ки ғайр аз якчанд меъёрҳои ба парламенти касбӣ ва интихоботи Президенти кишвар ва судяҳо дахлдошта меъёрҳои дигари он ба таври куллӣ муносибатҳои ҷамъиятиро танзим карда истодааст. Амали мустақими конститутсия дар давоми 24 сол маънои онро дорад, ки самти рушди ҷомеа дар ин Конститутсия дуруст ба назар гирифта шуда буд ва ин Конститутсия метавонад солиёни зиёд барои миллати мо хизмат намояд.

Конститутсия мақсади миллати тоҷикро барои соҳибихтиёрӣ дар моддаи якуми худ таҷассум кардааст. Соҳибихтиёр будан шарафест, ки на ба ҳар миллат насиб мегардад. Пеш аз ҳама, давлат як ташкилоти миллист ва он бояд барои таъмину ҳифзи манфиати миллати асосӣ хизмат намояд. Давлат, пеш аз ҳама, ба манфиати миллати асосӣ бояд хизмат намояд. Рисолати давлат дар ҳамин аст. Аз ҳамин ҷост, ки миллатҳое, ки худшиносиашон баланд аст, ҳамеша кӯшиш доранд, то давлати соҳибистиқлол дошта бошанд, то ормонҳои миллии худро ба воситаи он таъмину ҳифз намоянд.

Дар бораи чунин орзую талоши халқи тоҷику тоҷикистониён ҷои шакку шубҳа нест, чунки саҳифаҳои муборизаи миллӣ бар зидди аҷнабиён аз қаҳрамониҳои Шераку Томирис, Спитамену Темурмалик ва дигарон баёнгари онанд, ки миллати тоҷик ҳамеша кӯшиш дошт, то соҳибихтиёр бошад ва ватани худро обод намояд. Дар бораи Тоҳириёну Саффориён аввалин сулола - сарварони ҳаракати миллӣ барои таъсиси як давлати мустақили тоҷикон низ таърих гувоҳӣ медиҳад. Андешаҳои миллӣ маҳз аз ҷониби ин ду сулола эҳё, дастгирӣ, ташаккул дода шуданд, ки онро минбаъд Сомониён рушду тараққӣ дода ба дараҷаи ниҳоии он – давлатдории миллии соҳибистиқлол бо эҳёи тамоми падидаҳои таълимоту ниҳодҳои давлатдории ориёӣ – тоҷикӣ расониданд. Маҳз аз ҳамин сабаб давлатдории Сомониён дар таърихи миллат "давраи тиллоӣ" ном гирифтааст.

Ин се сулола ва махсусан Сомониён баъд аз футуҳоти ислом аввалин маротиба забони форсии тоҷикиро ба ҳайси забони расмӣ мавриди амал қарор доданд, ки ин падида дар Конститутсияи муосири тоҷик низ дар моддаи дуюм зикр шудааст. Забони миллат яке аз нишонаҳои муҳими миллат, воситаи ташаккулдиҳандаи фарҳанги пешрафта ва муаррифгари он мебошад. Беҳуда нест, ки маорифпарварону бузургони аврупоӣ мисли Гёте ҳангоме ки Хайёму Ҳофиз ба забони форсӣ хонданд, беихтиёр ба ин бузургон ва миллати мо баҳои баланд дода буданд.

Падидаи дигаре, ки дар дебоча омадааст ин мафҳуми­ "ҷомеаи адолатпарвар" аст. Ҷомеаи адолатпарвар андешаест, ки дар садҳо байту ғазал ва асарҳои насрии мутафаккирони тоҷик таҳлилу баррасӣ шудааст. Яъне мафҳуми дар дебочаи Конститутсияи мо инъикосгардида, сухани хушку холӣ набуда, андешаест амиқ ва аз қаъри дилҳои фарзонафарзандони миллати тоҷик берун омадааст. Қонунгузории муосир бояд таърихи тафаккури сиёсию ҳуқуқии миллат, андешаҳои иҷтимоии онро на танҳо омӯзад, донад, балки дар қонунгузорӣ инъикос намуда, барномаи амали ҳукумат қарор диҳад. Танҳо дар ҳамин ҳолат хулоса кардан мумкин аст, ки мо орзую мақсадҳои ниёгони бузурги худро амалӣ сохтем ва хотираи онҳоро пос медорем.

Ниҳоди дигаре, ки дар таърихи давлатдории тоҷик мавқеи муҳимро дошт ва имрӯз дар мазмуни дигар аз нав зуҳур кардааст, ин андешаҳои таъсиси мақомоте ки ба таври дастаҷамъӣ масоили пешомадаи кишварро баррасӣ менамояд. Ин падида дар таърихи давлатдории мо дар шакли гуногун ба вуҷуд омада, дар ҳар як марҳилаи давлатдории тоинқилобии мо нақши махсусро иҷро кардааст.

Шӯрои давлатии (шӯрои хирадмандони) Ҳахоманишиҳо, шӯрои ашрофу рӯҳониёни Парфиҳо ё Паҳлавиҳо, надимони амири Сомониён, идораи дастаҷамъии Хоразмшоҳиён, шӯро дар давраи Темуриён ва ғайра мақомҳое буданд, ки дастаҷамъона масоили пешомадаро баррасӣ мекарданд, яъне қонунгузорӣ мекарданд ва танҳо дар сурати розигӣ додани шоҳ ин ҳуҷҷат мавриди амал қарор мегирифт. Ҳарчанд мақоми қонунгузории муосири тоҷик дар Конститутсия зикр гардида, ваколатҳои гуногунро дорост, вале мақсади асосии таъсиси он ҳалли масоили пешомадаи миллат бо роҳи қонунгузорист. Қонунҳои қабулнамудаи мақомоти қонунгузорӣ ҳатман бояд бо розигии Сарвари кишвар мавриди амал қарор гирад.

Падидаи дигаре, ки ба амалияи давлатдории тоҷикон аз давраи аввалини он хос буд, принсипи идораи умумӣ ва соҳавӣ мебошад. Таъсиси мансаби махсуси Бузург фармондор ё Вазири бузург дар давлатҳои аввалини тоҷикон аз қабили Пешдодиёну Каёниён баёнгари принсипи идораи умумӣ бошад, пас, таъсиси девонҳои андозу бож ифодагари истифодаи принсипи соҳавии идора дар кишвар мебошад. Яъне тоҷикон кӯшиш доштанд, ки дар идораи кишвар ва амалӣ намудани ҳокимияти кишвар принсипи тахассуснокиро истифода бурда, идораи ҳар як соҳаро ба мутахассиси он соҳа супоранд. Дарвоқеъ аллакай дар давлатдории таърихи зардуштӣ ва исломии тоҷик, масалан, барои ҷамъоварии андоз, вазорати молия, хазинадорӣ, додрасӣ, артиш ашхоси озмудашуда ва мутахассис ба вазифа таъйин мешуданд. Масалан, "хати сиёқ" - ҷадвали рақамҳое ихтироъ шуда буд, ки танҳо кормандони соҳаи молия ва омилони андоз онро медонистанд ва истифода мебурданд. Сирри давлатӣ бо хатти шикастаи мирзоӣ навишта мешуд, ки танҳо котибон ва ё мирзоҳо асосан ба он балад буданд. Аз ин сабаб, қайд кардан мумкин аст, ки андешаи ҳокимияти мутахассисон ҳукмрон буд, чунки нозукиҳои касбро наомӯхта касе наметавонист дар мансаби мушаххас фаъолият кунад. Ин шароит новобаста аз он, ки дар марҳилаи амирии манғития мансабҳо баъзан фурӯхта мешуданд, самти устувор гирифта буд. Ҳамин андеша дар боби панҷуми Конститутсия "Ҳукумат" инъикос гардидааст, ҳарчанд дар идомати андешаҳои гузаштагон ва таҷрибаи онҳо ин боби Конститутсия низ метавонад боз ҳам сайқал дода шуда, ҳукумат ваколатҳои бештари идории иҷроиявиро соҳиб гардад. Дар ин сурат, мисли Вазири бузурги Сомониён ва ё Ғазнавиён масъулияти ҳукумат низ васеъ гардида, барои шароити дуруст муҳайё накардан ҷавобгарӣ пурра ба зиммаи ҳукумат гузошта мешуд, беҳтар буд.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон чанд намуди гузариши ҳокимият маълум аст. Мерос гузоштани мансаби сарвари давлат яке аз роҳҳои он мебошад. Масалан, дар таърихи давлатдории Пешдодиён ва Каёниён бо дастгирии омма ашхосе ба ҳокимият интихоб мешаванд, ки аз авлоди шоҳони пешин мебошанд. Роҳи сеюм низ дар давлатдории Паҳлавиҳо, ё Парфия, ки дар он ду шӯро – шӯрои ашроф ва шӯрои коҳинон шоҳро интихоб мекарданд, вуҷуд доштанд. Яъне дар таърихи давлатдории тоҷикон на танҳо меросбарии ҳокимият, балки интихобӣ будани ишғоли мансаби олии давлатӣ низ собиқаи худро дорад. Минбаъд дар давраи исломии рушд падидаи байъат ба вуҷуд омад, ки ашрофони маҳаллию марказӣ, пешвоён ва ҳокимони вилоятҳо бояд бо роҳи байъат садоқати худро изҳор менамуданд. Ин амалан эътирофи ҳокимият аз ҷониби раъийат ё интихоби сарвар буд. Масалан, байъат накардани як ҳокими Сурия – Муовия чӣ гуна сабаби ҷангҳо дар хилофат гардид, ҳама огаҳӣ доред.

Аз ҷониби дигар, тоҷ, минбар ва хутба се атрибути сарвари давлат дар давраи ислом мақоми махсусро гирифт, ки онро ҳатто васияти халифа ва ё амир иваз карда наметавонист. Масалан, дар хутба нагирифтани номи сарвари давлат маънои гирифтани ӯро аз вазифа дошт, яъне ин амал танҳо ҳангоми вафоти сарвари давлат ва ё аз вазифа озод гаштани ӯ воқеъ мегардид. Ба хотир биёрем, ки аз Тоҳириён Тоҳир ибни Ҳусейн фармони аз хутба гирифтани номи Маъмунро дод ва шаби дигар ӯро кушта ёфтанд.

Ҳамин тариқ, баъзе падидаҳои давлатдории тоҷиконро, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтаанд, номбар намудем. Таҳлилу пешниҳоди падидаҳои дигари давлатдории тоҷикон барои рушди Конститутсия кори ояндаи муҳаққиқон буда, он метавонад заминаи такомули Конститутсия, наздик намудани ҳокимият ба халқ, сазовор шудан ба боварии халқ ва пешравии миллату давлат гардад.

Шарипов Н.А.,

мудири кафедраи ҳуқуқ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj