• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ санаи 5-уми ноябри соли равон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ таҷлил гардид. Бо мақсади истиқболи сазовор аз ин санаи таърихӣ ва муқаддаси кишвари соҳибистиқлол чорабинии асосӣ дар толори калони бинои марказии донишгоҳ бо ширкати васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон баргузор шуд.

 

Дар маҷлиси тантанавӣ меҳмонон ва устодону донишҷӯёнро нахуст муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ С. Қосимов аз номи Раёсати донишгоҳ табрик гуфта, оид ба арзишу аҳаммият ва ҷойгоҳи қонуни асосии Тоҷикистон дар субот ва рушду нумуи ҷомеа суханронӣ намуд. Сипас Б. Саидов, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи муқаддас таҳният гуфта, дар фаъолияти касбии коллективи донишгоҳ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо комёбиҳо орзу намуд. Ҳамзамон ҳозирин маърӯзаи номзади илмҳои таърих Н. Шариповро дар мавзӯи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устувор намудани институтҳои таърихии давлатдории тоҷикон” бо мароқ гӯш намуданд. Дар анҷом аъзои дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо иҷрои суруду саҳнаҳои ватандӯстонаю лирикӣ ва иҷтимоӣ ба чорабинии тантанавӣ симои идона ва латофату хушҳолӣ зам намуданд.

 

 

Ҳамчунин дар доираи истиқбол аз ин санаи фархунда дар факултету кафедраҳои донишгоҳ як қатор чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир карда шуд. Дар ин рӯз дар факултети таърихи донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар семинар устодони факултет бо маърӯзаҳо баромад намуда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни Конститутсия ибрози назар намуданд. Масъалаҳои дар семинар матраҳгардида аз ҷониби устодон ба таври мушаххас баррасӣ гардида, донишҷӯён ба пурсишҳои худ посух гирифтанд.

 


Дар факултети забонҳои романӣ-германӣ низ ба пешвози Рӯзи Конститутсия мизи мудаввар дар мавзӯи “Конситутсия – кафили волоияти қонун” гузаронида шуд. Декани факултет З. Сайфуллоева зикр кард, ки Конститутсия кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат буда, барои ташаккули давлати навтаъсиси Тоҷикистон, ки давраи тақдирсозро аз сар мегузаронид, замина гузошт. Сипас, мудири кафедраи забони олмонӣ ва методика таълими он Р.Кӯҷов дар мавзӯи “Конситутсияи мо
– ифтихори мо” ва муовини декан оид ба таълим А. Одинаев дар мавзӯи “Қонун – роҳнамои зиндагӣ” маърӯза намуданд. Донишҷӯён дар анҷом бо суолу ҷавоб доир ба ин санади муҳим фаъолона иштирок намуданд.


 

Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамзамон садорати факултети психология ва таҳсилоти фарогир рӯзи 5-уми ноябр мизи мудаввар бо иштироки омӯзгорон ва  донишҷӯёни факултет  баргузор  намуд, ки дар он омӯзгор Ҳ. Аламов атрофи мавзӯи ҳуқуқҳо иконститутсионии  шаҳрвандони  ҷумҳурӣ суҳбат намуд. Доир ба ҳуқуқҳои одамони имконияти маҳдуддошта муаллими калони кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир С. Қувватов суҳбатро идома  дода,  доир ба қабул гардидани Консепсия дар бораи маъюбон ва аъзо шудани Тоҷикистон ба  конвенсияи байналмилалии маъюбон андешаронӣ намуд. Ҳамчунин дар ҳамин рӯз якчанд нафар донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти фарогир  бо иқдоми нек ба хонаи маъюбон ва пиронсолони рақами 1-и шаҳри Душанбе рафта, истиқоматкунандагони онро бо тақдими туҳфаҳо ва ташкили консерти идона хушҳол намуданд ва табрикоту таманниёти донишгоҳи омӯзгориро ба онҳо расониданд.


 

Дар мизи мудавваре, ки дар факултети забони англисӣ баргузор гардид, устодон ва донишҷӯёни факултет ширкати фаъолона доштанд. Аз ҷониби омӯзгори кафедраи забони англисӣ М.Назриев оид ба аҳаммияту арзиши Конститутсия дар низоми давлати соҳибистиқлоли мо маърӯза ироа гардида, устодони кафедра А.Абдураҳмон, С.Хайруллоева ва Н.Ахатов атрофи мавзӯи мазкур муҳокимаву музокира намуданд. Дар чорабинии мазкур донишҷӯён бо маълумотҳои зарурӣ оид ба Конститутсия тариқи тахтаи электронӣ шинос гардиданд, ки ин барои баланд бардоштани фаҳмишу дониши ҳуқуқию худшиносии онҳо саҳми муносиб дошт.

Таҷлил аз Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ идома пайдо кард. Дар кафедраи умумидонишгоҳии психология ба ин муносибат мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсия - роҳнамо дар рушди нерӯи инсонӣ” доир  гардид, ки дар он намояндагони Раёсати донишгоҳ ва устодону омӯзгорони кафедра бо ҷалби донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд. Устодони  кафедра Н.Қурбонов ва Н.Саидов дар мавзӯъҳои аҳаммияти Конститутсия дар ҳаёт ва фаъолияти шаҳрвандон ва дар рушди нерӯи инсонӣ маърӯза карданд. Устодону донишҷӯён оид ба масъалаҳои гуногуни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар пайвастагӣ бо нақши қонуни асосии кишвар ва тавзеҳоти бобҳо ва моддаҳои ин санади тақдирсоз суолу ҷавоб намуданд.

Дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ба ифтихори ин санаи мубораку фархунда зери унвони “Сарқонун – кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” мизи гирд баргузор гардид. Дотсенти кафедра Р.Хокироев роҷеъ ба Конститутсия маълумоти муфассал дода, нақши онро дар рушди ҷомеаи ҳуқуқасоси дунявӣ муҳим арзёбӣ кард. Сипас, мудири кафедра С. Хоҷазод дар мавзӯи “Сарқонун - кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” маърӯза кард. Дар маърӯза моддаҳои сарқонун, ки ба шаҳрвандони мамлакат ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳанд, тавзеҳ гардиданд. Дар хотима аъзои маҳфили “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ” дар васфи қонуни асосӣ шеърҳо қироат намуданд.

Аз ҷониби китобхонаи донишгоҳ ҳамзамон дар ин рӯз намоиши китоб ташкил гардида, асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китобҳои тозанашри устодону омӯзгорон дар саҳни донишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ба истиқболи 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию фароғатӣ, аз қабили семинару мизҳои мудаввар ва викторинаву маҳфилҳои гуногун дар сатҳи аксари факултету кафедраҳо ва сохторҳои дигари донишгоҳ тибқи нақша баргузор гардида истодааст.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj