• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ДАР ДОНИШГОҲ АНҶОМ ЁФТ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи таҷлил аз ҷашнҳои муҳимми давлатӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи Президент ва Рўзи Парчами давлатии кишвар аз санаи 10-уми октябр то 05-уми ноябри соли 2018 мусобиқаи варзишии футболи  хурд дар байни донишҷўёни факултетҳои донишгоҳ  баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни тамоми факултетҳо бо дастаҳои худ ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро дар майдони  футболи хурди донишгоҳ ба маърази тамошобинон гузоштанд. Вохӯриҳои дастаҳо, махсусан бозиҳои даври финалӣ, байни ҳам бо шавқу рағбати тамом ҷараён гирифта, хеле пуршиддат ва ҷолиб сурат гирифтанд. Дар даври ниҳоии мусобиқот дастаи футболи факултети таърих дар як бозии пуршавқу диданӣ бар дастаи факултети технология ва иқтисодиёт пирӯз омада, дастаҳо мутаносибан ҷойҳои аввал ва дувумро аз худ намуданд. Ҷои севум қаблан насиби дастаи футболи факултети химия гардида буд. Дар анҷоми мусобиқоти мазкур дастаҳои ғолиб ва беҳтарин бозикунони сабқат бо ифтихорнома ва мукофотҳои таъсиснамудаи донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.




 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj