• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Имрӯз, 10-уми ноябр, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба кори худ шурӯъ кард.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс, ки дар толори калони бинои асосии донишгоҳ бо ширкати олимону мутахассисон аз идораҳои дахлдори давлатӣ ва муассисаҳои илмию таълимии кишвар, аз ҷумла Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, инчунин бо ҳузури устодону донишҷӯён баргузор гардид, нахуст муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ доктори илмҳои таърих Н. Убайдуллоев ҳузури меҳмонон ва ифтитоҳи чунин чорабинии муҳимро таҳният гуфт.

 

Қайд карда шуд, ки эълони гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идомаи ибтикороти созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ҳадаф аз он рушди соҳаи туризм дар кишвар ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён мебошад. Соҳаи сайёҳӣ дар тамоми олам ҳамчун яке аз соҳаҳои даромаднок шинохта шуда, кишвари мо бо имкониятҳои табиии худ метавонад шумораи зиёди гардишгарони хориҷиро ҷалб созад. Тоҷикистон дар ҳавзаи машҳури “Роҳи Абрешим” қарор дошта, дар ҳудуди он ёдгориҳои зиёди таърихӣ кашф карда шудаанд, ки дар ҳамҷоягӣ бо табиати нотакрор ва олами набототу ҳайвоноти он имкониятҳои фарохи рушди сайёҳиро доро мебошад. Тадбирҳои дар ин самт дар ҷумҳурӣ андешидашуда имкон дод, то тибқи маълумотҳо дар давоми нуҳ моҳи соли 2018 шумораи гардишгарони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ аз марзи 1 млн нафар гузарад.

Ҳамчунин дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ А.Қурбонов, профессори кафедраи методикаи таълими география ва туризми донишгоҳ, доктори илмҳои география Х.Муҳаббатов дар мавзӯи “Дурнамои инкишофи туризм дар Помир”, дотсенти кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, номзади илмҳои педагогӣ Ф.Қодиров дар мавзӯи “Ҳунарҳои анъанавии мардумӣ ба унвони унсури таҳкимбахшандаи рушди сайёҳии фарҳангӣ” суханронӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии конфронс чорабинии илмию амалӣ кори худро дар бахшҳо идома дод, ки дар он масъалаҳои мубрами рушди сайёҳӣ, аз қабили вазъи муосир ва дурнамои рушди индустрияи туризм дар кишвар, масъалаҳои омода кардани мутахаcсиcони соҳаи туризм ва меҳмондорӣ, истифодаи оқилонаи иқтидорҳои сайёҳии кишвар, нақши ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихӣ дар рушди туризм, рушди устувори минтақаҳои сайёҳӣ ва рекреатсионӣ, омилҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ғ. баррасӣ карда мешаванд.



 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj