• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ПРЕЗИДЕНТИ МО – ПЕШВОИ МО

Дар остонаи ҷашни мубораки таърихӣ - сисолагии Истиқлолияти Тоҷикистон ёдоварии як ҳикмати пурмаънои ниёгони хирадманди мо айни матлаб аст. Фармудаанд, ки агар сарчашма пок, зулол ва мубарро бошад, дар равиш ва гардишҳои худ ҳама шохоб, дарё ва рӯдхонаҳоро соф, беолоиш ва беғубор мегардонад. Феълан дар Тоҷикистони азизи мо ҳамин покӣ ва сафо тасаллут дорад, миллати тоҷик ба шоистагӣ ва сарбаландӣ дар миёни анҷумани қавмҳои мутамаддини дунё ба истиқболи фардои дурахшон бо ихлосу иродат ва эътимоди комил ба роҳи интихобкардаи худ гомҳои устувор мегузорад.

 

Сарчашмаи ин муҳити озода шахсияти шукўҳманди Пешвои миллат Президент Эмомалӣ Раҳмон, истеъдоду фазилати давлатдорӣ ва ҷаҳони андешаҳои сиёсии ўст, ки фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвари моро аз чангу ғуборҳо пок сохт ва бо паёми сулҳу ваҳдат тавонмандиҳои инсон ва ҷомеаро ба офариниш ва пайкорҳои таърихии сарнавиштсоз ҳидоят бахшид.

Муҳимтарин пайомади Истиқлолияти Тоҷикистон дар поёни қарни ХХ бунёди давлатдории миллӣ, маънои ростини худро дарёфтани ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури миллӣ, фалсафаи нави давлатдории тоҷикон мебошад, ки аз ҷаҳони андеша ва фарҳанги сиёсии Президент ҳусни оғоз ёфтааст. Ҳамин ҳадафҳои муқаддаси миллӣ, ки дар мағзи сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо қарор гирифтааст, эътибор ва шаъни миллати моро дар сатҳи ҷаҳон муҷаддадан эҳё намуд, давлатдории миллии тоҷиконро дар мувофиқат бо суннати шаҳриёрони бузурги Аҷам, дар мувофиқат ба вежагиҳои урфии мардум, ки рўзгорони ҳазорсоларо дар пушти сар доранд ва дар мувофиқат бо равандҳои бисёр тунди ҷаҳони имрўза умри дубораи таърихӣ ато намуд. Ба ин маънӣ, бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тўли ҳазор соли охир бунёди давлатдории миллӣ ва мақоми ҷаҳонӣ дарёфтани он мебошад, ки бо пайкорҳои Президенти мамлакат иртиботи мустақим ва ногусастанӣ дорад.

Дар ибтидои ҳазорсолаи севуми милодӣ ҷомеаи башарӣ бо ҳама ихтилофу тазодҳои худ ба роҳи ваҳдат ва ҳусни тафоҳуми милал, бузургдошти инсону ҳуқуқҳои ў ва маърифатандўзии таърихӣ қадам ниҳод. Дар поёни асри ХХ аз миёни давлатҳо ва халқу миллатҳои гуногун шахсиятҳои дурандеш ва фарҳангсолоре ба сари қудрат омаданд, ки сиёсат ва давлатдории онон бар пояи одамияту маънавият, арзишҳои олии башарӣ, орзуву омол ва ормонҳои миллии мардум устувор аст. Яке аз муҳимтарин таҳаввулоти фарҳангию сиёсии замони муосир руҷўъ ба маънавият ва инсонгароӣ дар умури давлатдорӣ аст, ки дар ҷараёни рушди худ дар ҳаёти иҷтимоиву маънавии инсоният, дар танзими одилонаи таносуби қавму миллатҳо ва эътиқодоту мафкураи онҳо нақши бузурге хоҳад гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷумлаи ин сиёсатмадорони фарҳангсолор дар ҷаҳони муосир эътироф шудааст, дарёфти ин ҳадафи олиро камоли матлуби рисолати хеш шинохта, бузургдошти инсон, одамият ва маънавиятро меҳвари аслии давлатдории худ қарор додааст.

Дар партави барномаҳои дақиқу фарогир ва кору пайкори хастагинопазири Президенти мамлакат арзишҳои маънавӣ, суннатҳои ахлоқӣ ва вижагиҳои тафаккури миллии таърихӣ дар сиришти ҳокимияти сиёсӣ ва низоми давлатдорӣ авлавият пайдо намуданд. Эмомалӣ Раҳмон бо азамати тафаккур ва иродати худ бар воқеияти мураккаби нобасомон тасаллут ёфт, барои озодӣ ва касби Истиқлолияти миллӣ сохтмони низоми нави сиёсиву иҷтимоӣ ва умури муносиб ба онро бо камоли кордониву ҷасорат оғоз намуд ва то ба фарҷоми мантиқӣ – бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақ гардид.

Президент ҳалли масъалаҳои бунёди давлатдории миллиро аз оғозгоҳи таърих, аз андешаҳои ҳикматозини даврони бостон то ба назариёти замони нав ҷустуҷў намуда, бо ин чашмандози амиқбини моҳиятҷў асосҳои фалсафӣ ва роҳҳои амалии поягузории ҷомеаи нав, мизони озодӣ ва ихтиёри инсону ҷомеаро дар заминаи мутолиот, андеша ва пажўҳиши доманадори таърихӣ дарёфт ва таъйид кардааст. Ин диди пурғунҷоиши илмиву амалӣ робитаи гуногунҷиҳати гузаштаи таърихӣ ва имрўзи воқеъиро ҳаматарафа санҷида, барои фароҳам сохтани асосҳои маънавии рушди миллат, барои тавозун ва созгор овардани мабонии маънавиву моддии тараққии ҷомеа заминаи мафкуравию фалсафӣ муҳайё кард. Маънавияту фарҳанг, худогоҳии таърихиву маънавии шахсу ҷомеа рукни асосӣ ва аслии ягонагии миллӣ, зербинои низоми нави сиёсиву иқтисодӣ шинохта шуд. Бар асоси ин назариёт озодии инсон то ба озодии миллат, то ба эҳёи воқеии таърихи халқ, то ба дарёфти мақоми ҷаҳонӣ рушду таҳаққуқ ёфт.

Истиқлоли миллат, истеҳкоми асосҳои моддӣ ва маънавии он мазҳари тарбият ва зуҳури инсонҳои озод, инсонҳои кўшову пўё, инсонҳои раҳҷўву созандае гардид, ки ғуруру озодагӣ, миллатпарварӣ, номуси ватандорӣ, ҳақҷўӣ, ҳақгўӣ ва ҳақпарастӣ, ростиву покравӣ ва шаффофияти пиндору гуфтору кирдори Сарвари худро бо камоли иродатмандӣ пайравӣ намуданд. Дар ҳикмати пешгузаштагон мазкур аст, ки: “Ҳар киро фикрате саҳеҳ бувад, нутқи ў аз сидқ бувад ва амали ў аз ихлос”. Иқтидори маънавӣ ва иродати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳосили фикрати саҳеҳ, сидқи сухан ва ихлос дар амал буд, фазилатҳои хуҷастаи миллат, давлатдорони муаззами гузашта ва орзуву ормонҳои кунунии тоҷиконро дар шахсияти Президент муҷтамеъ ва муҷассам гардонид. Давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пайвандгоҳи вежагиҳои зиндагиву тафаккури мардум, сабақандўзии милливу таърихӣ, асолатҷўии фарҳангиву маънавӣ ва бозандешии омўзаҳои мактабҳои ҷаҳондории Шарқу Ғарб тамомияти назариву амалии худро дарёфт намудааст, бо се сифати бориз имтиёз мекунад: инсонгароӣ дар тасмиму ибтикор, мардумгароӣ дар умури иҷтимоӣ ва хирадгароӣ дар сиёсат.

Анқариб сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ, ба таъбири Президент, “марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ, вале пур аз ҳаводису рўйдодҳои муҳимми тақдирсози халқи мо мебошад”. Дар таҷрибаи давлатдории халқҳои ҷаҳон ба нудрат иттифоқ афтодааст, ки дар чунин фосилаи кўтоҳ душвортарин ҷодаҳо сипарда шавад ва маҷмўи ибтикороти азим дар масири давлатсозӣ ба салоҳу тавфиқ гардад. Халқи тоҷик бо ҳидояту раҳнамоии хирадмандонаи Раҳбари хеш он ҳақиқатро ба субут расонид, ки инсон бо қудрати иродати бузурги озодихоҳӣ ва нерўи андешаву тафаккури ҳаётангези худ пайкори садсолаҳоро метавонад сомону саранҷом бахшад ва дар қаламрави таърих фурсатро ба саҳнаи корзорҳои бемисл, ба даврони тараққии давлатдорӣ табдил диҳад. Аз оғози Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шўрои Олӣ халқи Тоҷикистон бо вуҷуди гирифторӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва низоъҳои дохилӣ, паём ва фарҳанги сулҳи Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиати ўро дар бобати аз ҳама ғаразу манфиатҳои ҳизбиву табақотиву гурўҳӣ болотар гузоштани ягонагии миллӣ бо ҳусни ихлос истиқбол намуд.

Андеша ва ҳувияти миллӣ ба ҳукми аслҳои меҳварии ҷаҳоншиносии Президент фарҳанг ва таърихи миллатро аз мақоми арҷманде бархурдор намуд. Баъди таназзули давлати Сомониён фарҳангу таърих дар ягон давра ба ин вусъат ба тору пуди тафаккури сиёсӣ роҳ наёфта буд. Тафаккури фарҳангӣ бо ду ҷанбаи тавонову созандаи худ: миллият ва маънавият асоси тафаккури сиёсӣ шуд. Сармоя ва арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикон, ки дар тўли қарнҳо мазияти маънавию ҳикамии он пайваста афзудааст, аз ҷумлаи бозёфт ва дастовардҳои бузурги тамаддуни ҷомеаи башарист. Эҳё, пуштибонӣ ва дифоъ аз арзишҳои асили миллӣ дар воқеъ дифоъ аз манофеи навъи башар, дифоъ аз арзишҳои умумиинсонист. Ба ин далел сиёсати миллиятсиришт ва маънавиасоси Президент чун паёмҳои таърихӣ ва кунунии тоҷикон ба мардуми олам дар сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ мўҷиби пазироӣ, дастгирӣ ва тарвиҷу таблиғ қарор гирифт.

Андеша ва фарҳанги сиёсии ҳар миллат дар тӯли саргузашти таърихии ў шакл мегирад ва дар ҷараёни таҳаввул аз падидаҳои мухталиф таъсир мепазирад. Шахсиятҳо, ҳукуматҳо, наслҳо дар пайдоиш, рушд ва ё заволу инқирози андешаҳои сиёсӣ нақши муассир мегузоранд. Ба ин маънӣ, андешаи сиёсии ҳар миллат, бахусус, миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддун, аз ҷузъиёту унсурҳои сершумор ва дорои тамоюлоти гуногуни мафкуравӣ таркиб меёбад. Дарки воҳид аз ин падидаҳои рангоранг ва густариш додани он дар зеҳни ҷомеа миллатро ягона месозад ва барои ҳифз, идомат ва иршоди ҳувияти миллӣ роҳро ҳамвор менамояд. Эмомалӣ Раҳмон аз миёни маҷмўи афкору ақоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва суннатҳои ҷаҳоншинохтии халқи тоҷик худогоҳии миллӣ ва таърихиро ба унвони зербинои мафкураи ҷамъият тарҷеҳ ниҳод ва тамоми дастгоҳҳои идории давлату ҳукуматро ба ин орову ақидаи бунёдӣ устувор намуд. Бад-ин васила ў парокандагӣ ва гусастагиҳои таърихиву замониро ба ягонагии фикрӣ бозовард, ки ҳуҷҷати барозандаи он дар масири давлатдории навин ваҳдати миллӣ, ваҳдати тоҷикони ҷаҳон ва ваҳдати тоҷикон бо ҷаҳон ба шумор меояд.

Пайвастан ба низоми ҷаҳонии иқтисод ва ба фазои иттилоотии ҷаҳони муосир, ба роҳ андохтани муомилоти пурвусъати иқтисодиву фарҳангӣ бо соири кишварҳои рубъи маскун, манзалати ҷаҳонӣ пайдо кардани ёдгориҳои моддиву маънавии таърихӣ ва оину таомули тоҷикон, мақоми шомиху шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин маҷмаа ва қонунҳои ҷаҳонӣ бо пуштибонӣ аз ҳаққу ҳуқуқ, иродат ва манофеи миллати тоҷик ва бо гузоришу пайгирии мушкилаҳои оламшумул аз ҷумлаи ибтикорот ва дастовезҳои бисёр муҳими халқи тоҷик бо раванди ҷаҳонӣ шудан маҳсуб мешаванд. Эҷоди пайвастагӣ бо шеваҳо ва таомулоти зиндагибахши ҷаҳони муосир, бо татбиқи имконоти технологияи иттилоотӣ ва фановарӣ, ки дар маърази андешаҳои амиқи Президент ва дар меҳвари тасмимгириҳои сиёсиву иҷтимоии ў қарор додаанд, вусъати тафаккури ҷомеа, бахусус, тафаккури насли навхезро ба ҷодаҳои наву замонӣ роҳнамоӣ менамояд, ки аз самти дигаре иртиботи кишвари моро бо тамаддуни пешрафтаи башар тақвият мебахшад.

Дар густураи назари Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ғунҷоиш ёфта, дар роҳи ҳаллу фасли онҳо бо таваҷҷуҳ ба имконот ва иқтидори созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳо ва барномаҳои судманде аз ҷониби Сарвари тоҷикон таҳия ва манзур шуданд, ки барои аҳолии тамоми сайёра дорои аҳамияти хос мебошад. Татбиқи барномаи пурвусъати “Об барои ҳаёт” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари олам ҷараён дорад, аз ҷумлаи чунин ибтикоротест, ки бо сарнавишти имрўза ва ояндаи ҷомеаи башарӣ иртибот мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарварест, ки дар Тоҷикистон фазои кушодеро барои озодии дину эътиқод муҳайё намуд. Президент дар ин замина бо ихлосу иродати комил чандин пажўҳиши судманди равшангарона анҷом дод, бо таваҷҷуҳ ба суннатҳои чандинҳазорсолаи миллат дини исломро ба масобаи аркони бунёдгузори ахлоқу маънавиёти ҷомеа дар оинаи рўзгори имрўз боз намуд ва барои интишори Қуръони Карим ва ҷамеъи осори уламои муътабари ислом раҳкушоӣ кард. Дар баробари ин ибтикор бо ҳамдастии аҳли ҳукумату парламент, ҷумлаи зиёиён ва тамоми қишрҳои ҷомеа ба бунёди низоме муваффақ гардид, ки ҷамъияташ бидуни фишори режимҳои худкомаи сиёсӣ, бидуни таҳмили идеологияи ҳизбиву динӣ, бидуни монеъгузориҳои сензура бо сабки озод зиндагӣ мекунад. Перомуни матбуоти озод дар Тоҷикистон симхорҳои дурушти идеологӣ вуҷуд надорад ва ба рўзноманигорони ҷаройиди мустақил барои ибрози ақида имкони густарда фароҳам омадааст.

Роҳе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бунёди ҷомеаи маънавиасоси шаҳрвандӣ ва давлатдории миллӣ пеш гирифт, мактаби неруманди сиёсӣ ва роҳбарии ўро ба вуҷуд овард. Ин мактаб дар кўраи муборизаҳои шадид обутоб ёфт, аз ҳар ҷиҳат такомул пазируфт, таҷрибаи фаровон андўхт, дар ҳаллу фасли масъалаҳои дохили кишвар, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шеваи хосаи худро пайдо намуд, бо натиҷаҳои мусбат ва созанда дар миқёси байналмилалӣ низ обрўву эътибори шоиста ба даст овард. Далели барҷастаи ин истиқболи ҷаҳонӣ баҳои баланди сарварони кишварҳои бузурги дунё ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ба шахсият ва мактаби сиёсии Президенти Тоҷикистон, ба конуни ҳамоишҳои азими сиёсӣ табдил ёфтани кишвари мо маҳсуб мешавад. Шогирдону пайравони ин мактаби маъруфи сиёсӣ дар сатҳу зинаҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти кишвар, азҳобу ҳаракатҳои мухталиф ҷодаи пуршебу фарози давлатсозиро бо камоли садоқат паймуда, дар пешрафт, равнақу шукуфоӣ ва сарсабзии мамлакат саҳмгузорӣ менамоянд.

Ростиву ҷасорат дар шинохти муаммову мушкилоти воқеият ва барномаҳои дурнигаронаи рафъи онҳо аз сифатҳои мумтози сиёсат ва мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давра ба давра бо заминагузориҳои муносиб ва бо назардошти ҳама омилҳо дар маърази тасмим ва татбиқ қарор мегирад. Президент дар суханронӣ ва мулоқотҳои худ бо мардуми кишвар барномаҳои бартарафсозии мушкилоту душвориҳоро ироа медоранд ва таъкид бар он мекунанд, ки сарнавишти миллат ба дасти худи ў бояд навишта шавад: “Мардуми Тоҷикистон, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ тақдири давлату двлатдории худро ба дасти худашон гирифтаанд, хуб мефаҳманд, ки аз муҳтоҷӣ баромадан, мушкилоти Ватан ва хонаву дари худро ба дасти худ осон кардан ва сарзамини аҷдодиро бо ҳиммату ғайрати худ обод намудан чӣ қадар арзишу манфиат ва дар айни замон чӣ нишоту хушбахтӣ дорад”.

Сиёсати Президенти Тоҷикистон, ки бо чеҳра ва сиришти маънавии худ истиқболи ҷаҳонӣ пайдо кардааст, аслан истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Барҳақ, каломи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон садои миллати тоҷик аст, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон бо ғуруру ифтихор, бо камоли шоистагӣ танинандоз аст. Бо ҳидояти шахсияти оламшумули Президент миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худро эҳё намуд. Ин шинохт ва эътирофи ҷаҳонии тоҷикон рўшантарин ва саҳеҳтарин посухе аст ба қазияи “мо кистем, аз куҷоем ва аз пайи чистем”, ки дар фосилаи давлатдории анқариб сисолаи Эмомалӣ Раҳмон воқеият пазируфтааст.

Он чи ба тариқи мухтасар аз достони корномаҳои сарнавишсози Эмомалӣ Раҳмон гуфта омад, ба масал қатрае аз баҳри нопайдоканор аст. Бино бар маҳдудияти зарфияти ин мақола мо имкон пайдо накардем, ки кулли барномаҳои фарогиру гуногунҷанбаи Сарвари давлатро якояк баршуморем. Аммо ин қатра ҳам дурахше дорад, ки асл ва ҷавҳари шукўҳманди инсонӣ ва сиёсии Президент ва пайкорҳои барозандаи ўро дар бунёди давлатдории миллӣ ва рифъати ҷаҳонии он намоён меоварад.

Аз қадим миллати тоҷикро суннате буд, ки дар сомон додани ҳар амале бо беҳтарин ва хуштарин ниятҳо дасти дуо мекушоданд. Имрўз мардуми тоҷик бо шукргузорӣ аз зиндагонии осоишта ва шоистаи худ, ки аз овони сўгу мусибат ба фасли оромишу сурур расидааст, дар ҳаққи давлат ва Сарвари муаззами худ пайваста дасти дуо мебардоранд, то Худованд ояндаи рўшантару зеботаре барои тоҷикон ато фармояд, миллату Ватан ва Пешвои фаррухқадами онро ҳофизу нигаҳбон бошад, бо саодату сарбаландӣ ба сўи ҷовидонаҳо раҳнамоӣ кунад. Ин дасти дуои халқ, ки тафсири пуштибониву дастгирии эшон аз сиёсати давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аст, номаи ҳидоятест, ки Пешвои оламшумули тоҷикон, миллати куҳанбунёд ва тамаддунофарини моро ба сарманзили мақсуд хоҳад расонид.

Ҳамчунон ки гузаштагони хирадманди мо фармудаанд:

Давлат зи дастгирии мардум ба по бувад,

Фонуси ин чароғ зи дасти дуо бувад.

Носирҷон Салимӣ
Абдуфаттоҳ Шарифзода

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj