• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Семинари илмӣ: “Роғун кохи нур аст”

Ба истиқболи мавриди истифода қарор гирифтани чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии “Роғун” санаи 12-уми ноябр бо ташаббуси кафедраи таърихи халқи тоҷик дар толори факултети таърих семинари илмӣ дар мавзӯи «Роғун кохи нур аст» баргузор гардид.

 

Декани факултет А. Муродзода бо сухани ифтитоҳӣ семинарро оғоз намуда, зикр кард, ки зарурати истеҳсоли неруи бузурги барқ дар Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти стратегӣ дошта, ин неругоҳ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барои муҳити зисти Осиёи Марказӣ безарар дониста шудааст.

Дар семинари мазкур аз ҷониби олимону омӯзгорон атрофи ҷанбаҳои гуногуни таърихиву иқтисодии ин сохтмони бузурги аср маърӯзаву фикру назарҳо пешниҳод гардид. Аз ҷумла, д.и.т., профессор М. Маликов дар мавзӯи «Тоҷикистон – манбаи истеҳсоли «энергияи сабз» суханронӣ намуда, қайд намуд, ки бунёди НБО “Роғун” барои татбиқи самарабори барномаи минтақавии интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ва заминаи воқеӣ гузоштан ба таҳияву татбиқи барномаи таъсиси бозори минтақавии хариду фурӯши нерӯи барқи Осиёи Марказӣ - барномаи CASА–1000, яъне фурӯши неруи барқ ба кишварҳои дигари Осиё роҳ мекушояд ва моро ба ояндаи дурахшон боз ҳам умеди тоза мебахшад.

Ҳамчунин, дар идомаи кори семинар мудири кафедраи географияи табиии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Р. Рауфов дар мавзӯи «Тоҷикистон -манбаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ», дотсент А.Ҳусейнов дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи манбаъҳои энергетикӣ ва аҳамияти он барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон» ва муаллими калон Д. Маҳмудов дар мавзӯи “Омӯзиши таърихи сохтмони НБО “Роғун” сухан ронда, маълумоту пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд.

Дар семинари мазкур донишҷӯёни факултет низ ширкати фаъолона дошта, чанд нафари онҳо, аз ҷумла донишҷӯёни курси 3-юм А. Каримов дар мавзӯи “Ҷалби сармояи моддӣ, молиявӣ ва зеҳнӣ дар сохтмони НБО “Роғун”, С. Ҳасанова дар мавзӯи “Истифодаи маҳсулоти сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ дар “НБО Роғун” ва Н. Шукруллоев дар мавзӯи «Моҳияти таърихии истифодабарии НБО “Роғун” ҳамчун иншооти хусусияти стратегидошта» баромад намуданд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj