• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Президент

Санаи 12-уми ноябр бахшида ба Рӯзи Президент, ки ҳамасола 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар заминаи кафедраҳои фалсафа ва сиёсатшиносии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

 

Дар ифтитоҳи конфронс мудири кафедраи фалсафа дотсент Ш. Бердиев ҳадафи ташкилу баргузории чорабиниро тавзеҳ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки дар бунёди ҷомеаи навини кишвари мо, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихи миллат беназир аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи ин сарвари хирадманд давлати Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ эмин монда, истиқлоли худро таҳким бахшид ва имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли талош дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ соҳиби давлати ободу озод мебошад.

Сипас мудири кафедраи сиёсатшиносӣ дотсент Ҳ. Бедилов оид ба дастовардҳои кишвар дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар конфронс устодони донишгоҳ – номзади илмҳои сиёсатшиносӣ дотсент Р. Қосимова дар мавзӯи “Самараи эътимоди халқ ба Пешвои миллат”, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ Рисолати Раҷабалӣ дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар устувор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ”, омӯзгори ҷавони факултети таърих М. Мирзоев дар мавзӯи “Салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти он”,  раиси созмони ҷавонони донишгоҳ С. Қувватов дар мавзӯи “Мактаби роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар анҷом ҳозирин атрофи масъалаҳои дар ҳамоиш матраҳшуда андешаву назарҳои хешро иброз дошта, аз рафти баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ карданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj