• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Роғун” чароғи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол

Санаи 13-уми ноябр бо ташаббуси садорати факултети математика дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “НБО “Роғун” – чароғи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол” баргузор гардид.

 

Мизи мудаввар ба муносибати ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” ташкил карда шуда, ҳадаф аз он боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, расидан ба қадри кӯшишу заҳматҳои коргарон ва масъулини бунёди неругоҳ ҷиҳати оғози амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ арзёбӣ гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандони донишгоҳ М. Бӯриев, декани факултет С. Латипов, мудири кафедраи методикаи таълими математика А.Раззоқов, намояндагони Раёсати донишгоҳ ва магистрону донишҷӯёни факултет ширкат намуданд. Барномаи чорабинӣ аз шаш бахш иборат буда, пас аз сухани ифтитоҳии декани факултет аз ҷониби А.Раззоқов ашъори тозаэҷоди ӯ дар тасвиру тавсифи ин сохтмони бузурги аср, намоиши навори видеоӣ аз НБО “Роғун” ва суханронии меҳмонон шунида шуд. Сипас, донишҷӯёни факултет дар мавзӯъҳои гуногун, аз қабили нақши Пешвои миллат дар бунёди НБО “Роғун”, аҳамияти стратегии неругоҳ, нақши неругоҳи мазкур дар рушди соҳаи сайёҳӣ, иттилооти оморӣ, вазъи экологӣ ва имкониятҳои гидроэнергетикии неругоҳ ва ғ. баромад намуданд ва дар анҷом дар атрофи мавзӯъ иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубоҳиса оростанд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj