• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозию давлатдорӣ санаи 13-уми ноябри соли 2018 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешвои миллат – поягузори ваҳдату истиқлолият» баргузор гардид.

 

Дар мизи мудаввар меҳмонон Абдуллоев Абдулазиз – директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон», Абдуллоев Самандар – директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе», Сайфҳусейнов Шарифҷон – муовини директори ин марказ, Раҳимов Умедҷон – роҳбари биржаи меҳнатии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин Қувватов Сайдулло - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва Раҷабов Дилшод - раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ, Каримов Давлатшоҳ - сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва зиёда аз 50 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.

Дар ин ҳамоиши хотирмон мактаби роҳбарӣ ва сиёсии Пешвои миллат ва омӯзиши он аз ҷониби ҷавонон мавриди баррасиву музокира қарор гирифта, ҳамзамон ҳозирин доир ба моҳияти низоми давлатдории Президентӣ ва аҳамияти хосаи он дар шароити Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj