• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҒАМХОР ВА ПУШТИБОНИ ЯТИМОН

Дар кишвари озоду соҳистиқлоли мо таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба вазъи зиндагӣ ва беҳбуди шароити иҷтимоии мардуми эҳтиёҷманд, ятимону барҳомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат хеле зиёд мебошад. Махсусан, Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки “ҳеҷ вақт ягон ятими кулро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».

 

Дар партави гуфтаҳои боло 13-уми ноябр дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири арҷгузорӣ ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ба ятимон ва бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҷавонон» ҷамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулли муасисаҳои таҳсилоти олии пойтахт баргузор гашт, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ятимони кул дар он иштирок намуданд.

Сараввал раиси кумита Аҳтам Абдуллозода суханронӣ намуда, кулли ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Президент ва ба истифода додани чархаи аввали НБО “Роғун” табрику муборакбод намуда, дар идома аз ятимони кул даъват ба амал овард, ки онҳо бояд дар баробари ғамхорӣ ва дастгирињои пайвастаи Пешвои миллат дониш омӯзанду дар ҳимояи манфиатҳои давлати хеш ҳамеша омодаву устувор бошанд.

Дар рафти чорабинӣ чанд нафар аз ятимони кул суханронӣ намуда, бо изҳори сипос аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат иброз доштанд, ки маҳз ин дастгириҳост, ки мо ба ҳама хоставу ҳадафҳоямон мерасем ва аз ягон ҷиҳат камбудӣ надорему ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас фикр намекунем. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарфи ташкилкунандагон ба ятимони кул туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи
иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj