• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ МУҲИМИ ДАВЛАТӢ

Зиёда аз 27 сол мешавад, ки миллати фарҳангсолор ва соҳибтамаддуни мо давлати соҳибистиқлоли худро шарафмандона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифзу гиромӣ дошта, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо майли том пайи ободию тараққиёти ҳар чи бештари он кӯшишҳои зиёд намуда истодааст.

 

Баъди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва роҳбари давлат интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоиди андешаи дурусти давлатдорию давлатсозӣ, пешгирии парокандашавии миллату тақсимшавии давлат ба миён оварда шуд. Иҷлосияи мазкур ва роҳбари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки табақаи равшанфикри ҷомеа ба ҳам омада, муттаҳид шаванд ва роҳи дурусти ҳалли низои таҳмилшуда ва низоми давлатдорию давлатсозиро дарёбанд. Роҳе, ки имрӯз моро хушбахту хушрӯзу саодатманд гардонидааст ва ба шоистагӣ расонидааст, оғозаш ҳамин иҷлосия ва ҳамчун роҳбари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо бояд оғози роҳи худро фаромӯш насозем, балки онро гаштаю баргашта омӯзем ва идома бахшем.

Дар ин муддати таърихан кӯтоҳ давлату ҳукумати кишвар бо роҳбарии Президенти маҳбубу дӯстдоштаи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии шоистаи мардуми кишвар аз сарвари худ бисёре аз ҳадафҳои стратегии худро дар амал татбиқ намуд. Имрӯз миллати сарбаланди мо ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ба орзуи деринаи худ, ба истифода додани НБО «Роғун», низ мерасад, ки он яке аз омилҳои муҳимтарин дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини зиндагии арзандаю шоиста барои аҳолии мамлакат мебошад.

Шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба ин санаи муҳим имрӯз, 15-уми ноябр, дар толори бинои асосии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро дар байни донишҷӯёни факултетҳо гузарониданд, ки он аз се давр иборат буд. Даври аввал викторина буд, ки аз ду қисм – шифоҳӣ ва хаттӣ иборат буд. Дар даврҳои якум ва дуюм донишҷӯён ба саволҳои пешниҳодшуда, ки роҷеъ ба ҳаёту фаъолият ва қаҳрамонию хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олӣ ва иқтидори гидроэнергетикии кишвар, махсусан НБО «Роғун» буд, ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ҷавобҳои мушаххас гардониданд. Ҳамзамон, дастаи ҳар як факултет вазифадор гардида буданд, ки як расм доир ба ҳаёту фаъолият ва қаҳрамонию хидматҳои Пешвои миллат, Иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олӣ ва НБО «Роғун» пешниҳод намоянд.

Дар рафти баргузории чорабинии мазкур факултетҳои забон ва адабиёти рус, биология ва филологияи тоҷик беэътиноӣ зоҳир намуда, иштирок накарданд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон М.Бӯриев, мудири бахши кор бо занон ва бонувон Г.Саидова ва раиси шӯрои кураторон Г.Баротова аъзои ҳакамон интихоб гардиданд.

Бо пешниҳоди аъзои ҳакамон факултети таърих бо гирифтани 20 хол сазовори ҷойи якум, факултети забони англисӣ бо гирифтани 19 хол барандаи ҷойи дуюм ва факултетҳои химия ва технология ва иқтисодиёт бо гирифтани 18 хол сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар охир ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва
кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни
ДДОТ ба номи С.Айнӣ


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj