• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Чорабиниҳои ҷашнӣ дар факултетҳо идома меёбанд

Бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода – Рӯзи Президент, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва ба истифода додани чархаи нахустини НБО “Роғун” бо ташаббуси факултети химия  ҳафтаи равон дар толори бинои асосии донишгоҳ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонова, кормандони шуъбаи тарбия, садорати факултети химия ва донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд. Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мусоҷонова чорабиниро ифтитоҳ намуда, тамоми омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати ин санаҳои муҳиму таърихии кишвар табрику таҳният гуфт ва аз гиромидошти Иҷлосияи тақдирсози миллат, Рӯзи Президент ва а ҳаммияти бунёди чунин неругоҳи бузург ва пурманфиат барои ояндаи дурахшони кишвар ёдовар шуд.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни факултети химия маърӯзаҳои худро пешкаши омӯзгорону аҳли толор гардониданд. Таъкид карда шуд, ки яке аз  ҳадафҳои баргузории чунин чорабиниҳо арзи сипосу миннатдорӣ намудан ба хидматҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раёсат ва садорати факултети химия донишҷӯёни фаъоли факултет бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи ҷавонони факултети химия


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj