• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Баргузории ҳамоиши илмӣ ба истиқболи солгарди
Иҷлосияи таърихӣ ва Рӯзи Президент

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва натиҷаҳои аз он бадастомада дар пойдории давлати тоҷикон, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, амният ва ҳамраъйии ҳар як фарди Тоҷикистон ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти нави давлату ҳукумат нақши арзанда бозидааст, - зикр гардид дар суханронии декани факултети таърих дотсент А. Муродзода дар ифтитоҳи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳафтаи равон дар факултети таърихи донишгоҳ баргузор гардид.

 

Дар идомаи ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиши илмӣ мудири кафедраи фалафа, н.и.ф., дотсент Ш.Бердиев дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ҳаёти осоишта ва рушди Тоҷикистон» маърӯза намуда, аз ҷумла дар бораи аҳамияти таърихии роҳи сулҳҷӯёнаро пеш гирифтани намояндагони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва нақши боризи натиҷаи қарорҳои он дар ҳаёти имрӯза андешаҳои худро баён намуд. Қайд гардид, ки маҳз ташаббусҳои бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки рушди устувори кишвар аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонї эътироф пайдо кард. Имрӯз дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дипломатї ва маорифу фарҳанг рушди босубот таъмин карда шудааст. Соли 2018 Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки зиёда аз 1,5 млн сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Маҳз сулҳу осудагии мардуми Тоҷикистон аст, ки имрӯзҳо агрегати якуми НБО “Роғун” ба кор андохта мешавад ва ин созандагиҳо шаҳрвандони кишварро ба зиндагии шоиста боз ҳам наздик мегардонад.

Ҳамчунин дар конфронс маърӯзаи муаллими ҷавон Н.Зарипов дар мавзӯи «Президент ва худшиносии миллӣ» шунида шуд, ки дар он атрофи масъалаҳои рушди худшиносї ва худогоҳӣ дар байни ҷавонон изҳори назар карда шуд. Зикр гардид, ки сиёсати рушди устуворро пеш гирифтани давлат ва ҳукумати ҶТ моро ба он далолат мекунонад, ки мо ҷавонон роҳи созандаро пешаи кори худ созем, зеро ҷангҷӯӣ ва низоъангезї аз гумроҳу ҷаҳолатпеша будан дарак медиҳад.

Пас аз анҷоми қисмати асосии ҳамоиш конфронси илмӣ-назариявӣ кори худро дар бахшҳои кафедраи таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ бо ширкати устодону донишҷӯён идома дода, атрофи мавзӯъҳои баррасишуда ҳозирин изҳори назар ва музокирот намуданд.


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj