• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ
дар кафедраи забони русӣ

Дар кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар идомаи ташкилу баргузории чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангиву фароғатии донишгоҳ ба ифтихори солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент ва ба истифода супурдани чархаи нахустини НБО “Роғун” мизи мудаввар доир гардид.

 

Мудири кафедраи мазкур А. Кулобиев меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ҷашнҳои муҳими давлатӣ, ки дар як рӯз рост омадаанд, таҳният намуда, аз аҳаммият ва зарурати таҷлили шоистаи оншо сухан гуфт. Дар мизи мудаввар дар баробари омӯзгорон Шарипов С., Қувватова С., Холматова Л., Кулиев А., Кулобиев А. ва Гуломҷонов З., инчунин донишҷӯён ва магистрҳои факултетҳои математика, забони англисӣ, филологияи тоҷик, химия, таҳсилоти ибтидоӣ ва забонҳои романӣ-германӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни иҷлосияи мазкур, барқарории сулҳу субот, Конститутсия, кору пайкори давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияту иқтидори Неругоҳи барқи обии “Роғун” маърӯзаҳои пурмуҳтаво, ибрози назар ва андешаронӣ намуданд.


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj