• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

НБО “Роғун” – нишони Ваҳдату хиради азалии миллат

Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба ормонҳои чандинсолаи худ – дастёбӣ ба нуру зиё, баракату фаровонї, якдигарфаҳмиву ҳамбастагии комил ва оғози амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва бунёди иншооти бузурги замон, НБО “Роғун”, мерасад.

 

16 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз ба вуқӯъ мепайвандад, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Интизор меравад, ки дар ин рӯзи фархунда чархаи аввали иншооти муҳиму бузурги аср НБО «Роғун» ба кор дароварда шавад. Ин иншооти бузург дорои аҳамияти стратегӣ буда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такон мебахшад. Бо оѓози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас мегардад. Ин кохи нур ҳамчун маъхази гаронарзиши ба анҷом расидану қадафрохтани кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракат хувайдо мегардад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашидааст. Бунёдгарони ин иншооти тақдирсози миллат ба ифтихори ҷашни мубораки 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи татбиқи дастуру супоришҳои арзишманди Пешвои миллат дар мавриди истеҳсоли барқи аввали НБО “Роғун” корҳоро ба сомон расониданд. Бад-ин манзур аз тамоми имконоту захираҳои техникиву зеҳнӣ пурсамар истифода намуданд.

Ҷиҳати амалигардии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ НБО “Роғун” нақши муҳимро мебозад. Аз ин хотир лоиҳаи амалӣ гардонидани ин иншооти аср дар даврони истиқлолият зери назорати давлат қарор дода шуда, бо дастгирию кўшишу заҳматҳои мардуми бо нангу номуси миллат бо роҳбарии Пешвои миллат марҳила ба марҳила амалї шуда истодааст.

Имрӯз миллати тоҷик давлати демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро тарғиб менамояд ва ба бунёди иншоотҳои бузург ба мисли НБО “Роѓун” машғул аст. Тоҷикистони кӯчаки мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро пайдо карда тавонист. Тибқи маълумоти оморӣ айни замон дар сохтмони НБО «Роғун» зиёда аз 20 ҳазор нафар сокинони кишвар фаъолият доранд, ки қисме аз онҳо бонувон мебошанд. Имрӯзҳо дар сохтмони ин иншооти тақдирсоз занону модарон, бонувони далери тоҷик, низ дар баробари мардон заҳмат мекашанд ва бештар бо ҷалб гардидан ба корҳои сабук саҳми худро дар бунёди он мегузоранд. Бо роҳбарӣ ва таъкидҳои бевоситаи Пешвои миллат ҳар як ватандор шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, кору фаъолият мекунанд, ќарзи ватандорӣ адо карда истодаанд. Ҳангоми сохтмони иншооти аср модарони тоҷик кулчаи ширмоли худро ба коргарони “Роғун” мефирисанд. Имрӯз “Роғун” майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, шуҷоату мардонагї ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Миллати бузург шоҳсутуни маъбади бузурги меҳру муҳаббатро бино мекунад, ки ҳар хишти он ифодакунандаи давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ ва тоҷдорӣ мебошад.

Миллати тоҷик аз кадимулайём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдӯсту пурғайрат буда, ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург ҳамеша кӯшиш бар он мениҳад, ки душвориву манеаҳоро паси сар намояд ва аз ин ҷост, ки аз бозе ки нахустин бор Президенти кишвар бобати кӯмаку дастгирӣ баҳри сохтмони ин иншооти бузург муроҷиат кард, ин муроҷиати ӯро кулли мардуми ин сарзамин ба хубӣ пазируфтанд.

Ҳамин тавр, бунёди НБО “Роғун” ба тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва илмӣ–инноватсионӣ ва дар маҷмӯъ дар ҳаёти ҳар як фарди кишвар таъсири мусбати худро мерасонад. Ин иншоот аз ҷиҳати бузургӣ ва экологӣ дар арсаи байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро боло бурда, барои ҷалби сайёҳон шароит муҳайё менамояд ва дар баробари таъмини неруи барқ дар дохил, боз имконияти содир намудани ин неруи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба мамлакатҳои хориҷӣ дорад. Ҳамчунин барои сохтани корхонаҳои хурду калони саноатӣ дар кишвар заминаи мустаҳкам гузошта, барои мубаддал шудани Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ имконият фароҳам меоварад.

Раҷаббек Авезов,
магистри курси якуми ихтисоси математика

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj