• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!

Дар идомаи таҷлил аз санаҳои таърихии кишвар, ки дер боз миллати фарҳангсолори тоҷик бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазир буданд, санаи 17.11.2018 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи пагоҳирӯзӣ ба ифтихори ҷашнҳои муҳими давлатӣ бо ширкати кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт, вазорату идораҳо ва устодони шинохтаи варзиши тоҷик дар муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ҷавонон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 

Сараввал муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров ҳамагонро ба ин санаҳои таърихии миллат табрику таҳният намуд. Сипас, тамрину обу тоби бадан аз соати 07:00 оғоз гардида, то соати 08:00 дар сатҳи хеле баланд баргузор гашт, ки дар ин чорабинии варзишӣ аз донишгоҳи мо низ теъдоди зиёди омӯзгорони ҷавону донишҷӯёни факултетҳо ва истиќоматкунандагони хобгоҳҳои донишҷӯён иштироки фаъолона доштанд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва
кумитаи иттифоќи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj