• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Озмуни зеҳнӣ-маърифатӣ бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ

Бо ташаббуси садорати факултети математика санаи 19-уми ноябр озмуни зеҳнӣ-маърифатӣ баргузор гардид, ки ҳадафи чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, дарки истиқлоли миллӣ, расидан ба қадри заҳматҳои бузургони миллат ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ин рӯзи таърихӣ ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол буд.

Озмун аз ду давр иборат буда, даври якуми он то 17.11.2018 дар ҳар як гурӯҳ бо иштироки сарпарасти гурӯҳ гузаронида шуда, як нафари ғолиб муайян гардида буд, ки дар даври минбаъда иштирок намуд. Миқдори иштирокчиёни даври дувуми озмун 28 нафарро ташкил медод.  Тибқи барномаи озмун декани факултет Латипов Сафаралӣ озмунро кушода эълон кард ва сипас дар атрофи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳакамон - мудири кафедраи геометрия ва математика Нуралиев Ёдгор, мудири кафедраи методикаи таълими математика Раззоқов Абдураззоқ ва муовини декан оид ба таълим Баротов Ҷаъмахон ибрози андеша намуданд. Баъдан ровии барномаи озмуни зеҳнӣ-маърифатӣ раиси иттифоқи касабаи донишҷӯёни факултет Авезов Раҷаббек шартҳои озмун - маълумоти мушаххас оид ба мавзӯи пешниҳодшуда, ҳозирҷавобӣ ва шарҳи аксҳо аз тахтаи электрониро муаррифӣ карда, баъзе паҳлуҳои озмунро шарҳ дод.

Ҳамин тариқ озмун ду соат давом карда, аъзои ҳакамон аз байни донишҷӯён се нафар ғолибро муайян карданд. Ҷои якумро донишҷӯи курси чорум Набиев Амонулло, ҷои дуюмро донишҷӯи курси сеюм Ҳасанова Мадина ва ҷои сеюмро донишҷӯи курси сеюм Ходжамов Рустам ба даст оварданд. Дар охир ғолибони озмун аз тарафи садорати факултет бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj