• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳар ки хандонад ятими хастаро...

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” як гурӯҳ донишҷӯёни факултетҳои география, забон ва адабиёти рус, психология ва таҳсилоти фарогир ва намояндаи шуъбаи фарҳанг санаи 16-уми ноябр таҳти роҳбарии раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Г.Баротова ва муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети география М.Ҳайдаров ба Хона-интернати кӯдакони ятиму бепарастори № 1-и шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

 

Дар ин муассиса 70 нафар кӯдакони ятиму бепарастор таълиму тарбия гирифта истодаанд. Синну соли онҳо аз 4 то 7 солро ташкил медиҳад. Аз боздиди ҳайати донишҷӯёну кормандони донишгоҳ аз ин муассиса маълум гардид, ки ҷиҳати таълиму тарбия ва зисту зиндагонии ин кӯдакони ятиму бепарастор давлат ҳамаи шароитро фароҳам овардааст. Танҳо онҳо аз меҳру муҳаббат ва ғамхорию дилсӯзии волидон дар канор мондаанд, ки дасти лутфу навозиши роҳбарияти таълимгоҳ ва мураббиён ин камбудиро ҷуброн менамояд.

Дар ибтидои чорабинӣ раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Г.Баротова баромад намуда, бо ин ҷашнҳои миллӣ ҳозиринро табрик гуфт.  Ҳамчунин донишҷӯёни мо бо барномаи фарҳангии омоданамудаи худ дар якҷоягӣ бо барномаи идонаи таълимгоҳ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Чорабиниро кӯдакону мураббиён хуш пазируфта, дар рафти он донишҷӯён бо кӯдакон раќсу шодӣ намуда, бо онҳо бозиҳои шавќовар гузарониданд. Дар ҷамъбаст ба ҳамаи кӯдакони таълимгоҳ аз номи роҳбарияти донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ таќдим карда шуд. Дар анҷом роҳбарияти муассисаи мазкур ба донишҷӯёну кормандон ва Раёсати донишгоҳ, ки нисбати таълиму тарбия ва ояндаи кӯдакони ятиму бепарастор бетараф нестанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Саидаброр Ҳасанов,
донишҷӯи курси 5-уми факултети
таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj